ОРИЗАҲОИ COVID-19 ПАЙДО ШУДАНД? БА РАҚАМҲОИ 311 ВА 511 ЗАНГ ЗАНЕД! Марказҳои машваратии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд

0
74

ОРИЗАҲОИ  COVID-19  ПАЙДО ШУДАНД?  БА РАҚАМҲОИ   311 ВА 511 ЗАНГ ЗАНЕД! Марказҳои машваратии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд

ДУШАНБЕ, 29.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мубориза бар зидди бемории сироятии COVID -19  ва табобати сироятёфтагон  ду маркази машваратии тиббии боварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ки   таҳти рақами кӯтоҳи 311 ва 511 фаъол мебошанд, саҳми беандоза мегузоранд.  Шумораи зиёди мардум ба ин рақамҳо занг зада, вобаста ба бемории COVID -19 ба саволҳои худ посух мегиранд. Ин  рақамҳо  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  дар он мутахассисони гуногуни соҳаи тиб ба кор ҷалб карда шудаанд. Телефони  боварии 511 моҳи марти соли равон фаъол шуда, рақами 311 пас аз тасдиқ шудани ҳолати бақайдгирии коронавирус фаъолияташро аз  5  май оғоз намуд.

ОРИЗАҲОИ  COVID-19  ПАЙДО ШУДАНД?  БА РАҚАМҲОИ   311 ВА 511 ЗАНГ ЗАНЕД! Марказҳои машваратии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунандМушовири Маркази машваратии телефони боварии 311, ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ ва эндоҷарроҳии Донишгоҳи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ Комрон Болтуев мегӯяд, ки   фаъолияти корияшро дар маркази мазкур аз 5 майи соли равон оғоз намудааст.

«Дар рӯзҳои авали фаъолияти марказ зангҳои телефонӣ хеле зиёд буданд. Пас аз он ки 30 апрели соли равон ҳолатҳои сирояти коронавируси нав дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, мардум ба тарсу ҳарос афтоданд. Онҳо бо одитарин шикоят ба марказ занг зада, ба мо муроҷиат мекарданд.  Мо сараввал онҳоро ором намуда, нишонаҳои асосии бемории коронавируси навро ба онҳо мефаҳмонидем ва  тавсия медодем, ки ҳатман гигиенаи шахсиро риоя намуда, бе пайдо шудани аломатҳои беморӣ аз истеъмоли ҳар  гуна доруҳо худдорӣ намоянд. Зеро аксари мардум дар ҳолати стресс қарор дошта, фикр мекарданд, ки онҳо ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Дар марказ 2 нафар равоншинос бо мушовирон кор мекунанд, ки мо бо онҳо маслиҳат намуда, шаҳрвандонро ором менамоем»,- мегӯяд Комрон Болтуев.

Ба гуфтаи  ин мутахассис, аввалин коре, ки мушовирони марказ анҷом доданд, ин гирифтани пеши роҳи худтабобаткунии шаҳрвандон буд.

«Танҳо дар ҳолати пайдо шудани ягон нишонаи COVID -19  мо ба нафарони муроҷиаткунанда тавсияи лозимае, ки аз рӯи протоколи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тасдиқ шудааст, пешниҳод менамоем. Тавре маълум аст, бемории коронавирус то ҳоло табобати дақиқи худро надорад. Вобаста ба нишонаҳо мо доруи таскинбахш  тавсия медиҳем. Инчунин шаҳрвандон тавассути мессенҷерҳои имо, вайбер ва вотсап ба мо ташхиси рентгенӣ ва компютерии худро равон менамоянд, мо аз рӯи он ташхис ба онҳо  маслиҳат дода, табобати зарурӣ менависем», — гуфт Комрон Болтуев .

ОРИЗАҲОИ  COVID-19  ПАЙДО ШУДАНД?  БА РАҚАМҲОИ   311 ВА 511 ЗАНГ ЗАНЕД! Марказҳои машваратии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунандМашваратчии дигари маркази машваратӣ Абдулмуқаддир Шарипов иброз медорад, ки аввалҳои моҳи май то 250 занг қабул карда, ба шаҳрвандон машваратҳои тиббӣ медод. Тайи ҳафтаи охир шумораи зангҳо бамаротиб коҳиш ёфта, шаҳрвандон низ то андозае пешгирӣ аз бемории сироятиро дарк намудаанд.

«Дар ҳолате, ки шаҳрвандон ба мо муроҷиат карда, аз ин ё он нишонаҳои беморӣ шикоят мекунанд, мо вазъи онҳоро ба назар гирифта,  вобаста ба  сабук ё вазнин будани ҳолати онҳо доруҳои симптоматикӣ тавсия медиҳем. Дар ҳолати маълум будани нишонаҳои клиникии вирус мо ба беморон доруҳои зиддивирусӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ доруҳои баландкунандаи масунияти бадан тавсия медиҳем, ки  саргардон нашуда, дар хона табобат  гиранд.  Зеро ҳангоми ба беморхона рафтани онҳо хавфи паҳн шудани беморӣ бештар мегардад. Агар бинем, ки ҳолати бемор вазнин аст, ба онҳо мефаҳмонем, ки зуд ба маркази саломатии минтақаи худ муроҷиат намуда, дар холатҳои зарурӣ бистарӣ шаванд. Инчунин дар ин вақт истеъмоли дурусти ғизо, меваҳои тару тоза ба манфиат дониста мешавад»,- гуфт Абдулмуқаддир Шарипов.

ОРИЗАҲОИ  COVID-19  ПАЙДО ШУДАНД?  БА РАҚАМҲОИ   311 ВА 511 ЗАНГ ЗАНЕД! Марказҳои машваратии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунандМуовини раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Коммерсбонки Тоҷикистон» Тимур Ёрибек зикр намуд, ки аз лаҳзаҳои қабул шудани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди бемории COVID -19 Коммерсбонки Тоҷикистон низ нақшаи чорабиниҳои худро қабул намуд. Дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ  роҳбарияти Коммерсбонки Тоҷикистон ба масъалаҳои иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо мақсади пешгирӣ, мубориза  ва расонидани тавсияҳои дуруст ба шаҳрвандон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди Коммерсбонк Маркази машваратии тиббиро таҳти рақами 311 фаъол намуд.  Ҳоло марказ шабонарӯзӣ фаъолият намуда, дар он беш аз 54 мутахассис  аз Донишгоҳи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷалб гардидаанд, ки аксарияти онҳо ассистентони кафедра, номзади илми тиб ва дотсентон мебошанд.

«Мушовирони марказ дар 3 баст 12- соатӣ кор менамоянд. Рӯзҳои аввал ба марказ зангҳо хеле  зиёд буданд. Ҳолатҳое буданд, ки дар як шабонарӯз  то 4 ҳазор занг қабул мешуд. Ҳоло нисбат ба рӯзхои аввали фаъолият зангҳои телефонӣ кам гардида, то ба 1500-2000 расидаанд», — мегӯяд Тимур Ёрибек.

Ба зикри номбурда, фаъолияти марказҳои машварати тиббӣ барои 3 моҳ пешбинӣ шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ Коммерсбонки Тоҷикистон имкон дорад фаъолияти марказро идома диҳад.

Ёдовар мешавем, ки рақамҳои боварии 311 ва 511 шабонарӯзӣ фаъол буда, мутахассисони пуртаҷриба ба саволҳои марбут ба ҳифзи саломатӣ, дар сурати тағйир ёфтани вазъи саломатӣ чӣ кор кардан, ба куҷо муроҷиат намудан ва кадом ташхисҳоро супурдан ҷавоб мегӯянд. Ҳамчунин тавассути ин рақамҳо дигар маълумоти мубрами рӯзро метавон пайдо кард.

Холисаи АСОМИДДИН,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»

ОРИЗАҲОИ  COVID-19  ПАЙДО ШУДАНД?  БА РАҚАМҲОИ   311 ВА 511 ЗАНГ ЗАНЕД! Марказҳои машваратии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд ОРИЗАҲОИ  COVID-19  ПАЙДО ШУДАНД?  БА РАҚАМҲОИ   311 ВА 511 ЗАНГ ЗАНЕД! Марказҳои машваратии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд

Источник: khovar.tj