Омузӯши паём

0
238

        Рӯзи 19 феврали соли 2021 дар маҷлисгоҳи бинои маъмурии Иттифоқи Тоҷикматлубот маҷлиси ҳайати коркунони дастгоҳи идоравии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26 январи соли 2021 баргузор гардид.

Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Идиев Ҳ.С. дар сухани муқаддимавӣ аз ҷумла таъкид доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷумҳуриро дар бар гирифта, барномаи амали ҳар як вазорату идора, ташкилоту муассиса мебошад.

Раиси Раёсат инчунин иброз намуд, ки Иттифоқи Тоҷикматлубот дар соли сипаригардида, новобаста аз пандемияи коронавируси Ковид – 19,  дар натиҷаи амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки дар Паёми соли гузашта зикр шуда буданд, нақшаву нишондодҳои ба зимма гирифтаашро ба пуррагӣ иҷро намуд.

Дар маҷлис хусусан, кормандони нисбатан ҷавон ташаббусро ба зимма гирифта, оид ба масъалаҳои гуногуни  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.