Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID – 19 дар Тоҷикистон

0
129

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрел сабт шуд. То 11 июн дар кишвар 4834 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID -19 ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Тибқи омори тозае, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, то имрӯз, 11 июни соли равон дар Тоҷикистон  887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии кишвар, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 71 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 сабт гардидааст.

“То соати 18:00 дақиқаи 11 июн  дар Тоҷикистон 4834 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3062 (63,3%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 49 нафар фавтидаанд”, – омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 11 июни соли равон дар мамлакат 887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 115 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Источник: sputnik-tj.com