Ҷоми ФФТ: дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ба даври ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳхат гирифт

0
96

Ҷоми ФФТ: дастаи «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб ба даври ниҳоии Ҷоми ФФТ  роҳхат гирифт

ДУШАНБЕ, 29.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар марҳилаи ниҳоии «Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон» барои баромадан ба даври финалӣ бо дастаи «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ анҷом дод, ки дар натиҷа бо ҳисоби 4:1 зафар ёфт. Бо ҳамин бозингарони дастаи «Равшан» ба даври ниҳоии «Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон» роҳхат гирифтанд. Дар ин бора мухбири  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин вохӯрии ҷолиб голҳои дастаи «Равшан»-ро Саидхони Амрохон, Наврӯз Рустамов ва  Далер Шомуродов ба ҳадаф расониданд. Ягона голи дастаи «Душанбе-83»-ро Парвиз Ҳамидов ба нишон  расонид.

Дастаи дигари вилоят – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар шарафи футболи вилоятро дар ин мусобиқа ҳимоя менамуд, ҳарчанд бозингарони дастаи «Хатлон» дар ду бозӣ пирӯзӣ ва дар як бозӣ мусовӣ намуданд, аммо барои вайрон намудани моддаи V Низомномаи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ (нодуруст ҳуҷҷатгузорӣ намудани бозингари хориҷӣ) ба бозӣ миёни дастаҳои футболи «Хатлон» — «Кӯктош», ки  21  феврал баргузор гардида буд, (дастаи «Хатлон» бо ҳисоби калони  4:0 ғалаба намуд), ба дастаи «Хатлон» қарори мағлубият бо ҳисоби 0:3 содир гардид.

Аз ин рӯ, дастаи  футболи  «Хатлон» аз идомаи мусобиқот хориҷ шуд.

Ёдовар  мешавем, ки  бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон   1 марти соли 2020 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Источник: khovar.tj