Омадани сел бар асари боронҳои пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун

0
70

Омадани сел бар асари боронҳои пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун

 ДУШАНБЕ, 10.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. 9 июн  соати 16:00 бар асари бориши боронҳои пуршиддат ва жола дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун сел омада,  дар натиҷа роҳи автомобилгарди деҳаҳои Луғури боло, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бекро хароб намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи омадани сел дар шаҳри Роғун 3 пули хурд ва 4 симчӯби чӯбини барқӣ  қисман хароб шуда, 3 чорвои калони  сокинони деҳаи Санги Сурх талаф ёфтанд.

Комиссияи оид ба ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.

Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи мазкур оғоз шудааст.

Источник: khovar.tj