«ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ, ТАБИАТШИНОСӢ ВА ТЕХНИКА – ТАЛАБОТИ ЗАМОН». Мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар партави Паёми Пешвои миллат

0
259

«ОМӮЗИШИ  ИЛМҲОИ ДАҚИҚ, ТАБИАТШИНОСӢ ВА ТЕХНИКА – ТАЛАБОТИ ЗАМОН».  Мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар партави Паёми Пешвои миллат

ДУШАНБЕ, 05.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад». Вобаста ба ин мавзуъ Ректори Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед ҶӮРАЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсоз ба шумор рафта, роҳу усулҳои даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар ин замина, дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро ҳамвор ва муайян месозад. Ба ибораи дигар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як навъ хулосабардорӣ аз фаъолияти давлату ҳукумати мамлакат ва дастовардҳои мардуми шарифи меҳан дар як соли охир буда, барномаи тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ барои соли 2020 арзёбӣ гашта, вазифа, мақсад ва мароми рушди босуръати давлатро дақиқан ва амиқан муайяну мушаххас месозад.

Дар Паёми солона Пешвои миллат ба соҳаи илму маорифи мамлакат аз пешина дида бештар таваҷҷуҳ намуда, доир ба ғамхориҳои пайвастаи давлат ва ҳукумати мамлакат ба ин соҳа сухан карда, изҳор доштанд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маориф дар баробари чунин дастгириҳо сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ бояд баланд бардоранд.

Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши  технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омӯзиши он талоши бештар намоянд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки масъулин «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Дар ин самт, Пешвои  миллат дар баробари тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мутолиаи китобҳои бадеиро муҳим арзёбӣ намуданд. Мусаллам аст, ки бо ин пешниҳод Президенти мамлакат дар баробари баланд бардоштани дониши назариявии ҷавонон ба ҷанбаи гуманистии онҳо, аз ҷумла, дӯст доштани оила, Ватан, падару модар, эҳтироми устод ва умуман инсон талқин месозанд. Воқеан ин дастурҳои Пешвои миллат саривақтӣ ва муҳим мебошанд, зеро муҳимтарин рисолати ҳар як шаҳрванди кишвар дар ҷомеаи муосир ин ҳимояти арзишҳои миллист.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд гузаштаи худро донад, худшиносу меҳанпараст бошад, то ба мероси пурғановати ниёгони хеш ба таври шоиста баҳо дода, ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ талоши бештар намояд.

Таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб бесабаб нест, зеро он сарчашмаи саодати инсон буда, одамро ба тафаккуру андеша водор мекунад. Миллате, ки соҳибтафаккур аст, ҳаргиз ба падидаҳои манфури ҷомеа гароиш намекунад ва ба умру ҳастии хеш умри ҷовидона мебахшад. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маънавияти ҷомеа ба шумор рафта, ба ҳукми анъана даромадани он марҳилаи наверо дар роҳи худшиносии миллӣ ва ғанӣ гардидани маънавиёти шаҳрвандон бозгӯ менамояд.

Дар ин раванд, ҳадяи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонавода баёнгари эҳтиром ба миллат ва фарзандони фарзонаи он мебошад.

Раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва густариш пайдо кардани усулҳои нави таълим дар мактабҳои олии мамлакат як падидаи тоза дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат афзалиятҳои бештареро дар ин самт касб кардааст. Бояд гуфт, ки дар замони муосир яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва ба ин восита, омода намудани мутахассисони ҷавони  ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад.

Муассисаи давлатии таълимии  «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»  баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, махсусан омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ роҳу усулҳои муосир ҷустуҷӯ ва дар раванди таълим онро татбиқ намуда истодааст. Раёсати донишгоҳ баҳри таъмини озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ бо таҷҳизоти замонавӣ дар шаш факултети равияҳои дақиқ зиёда аз даҳ озмоишгоҳи таълимӣ — илмӣ таъсис ва мавриди истифода қарор додааст.

Дар соли таҳсили 2018-2019 барои бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазонидани лабораторияҳои ҳозиразамон дар факултети физикаю техника лабораторияи электротехника, электроника, технологияҳои инноватсионӣ, механика,  дар факултети биология – химия лабораторияи тиббӣ-клиникӣ, зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот, дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ  лабораторияи системаҳои коммукатсионӣ,  дар факултети молия ва иқтисоди бозор утоқи таълимии иқтисодиёти ҷаҳон, дар факултети педагогӣ лабораторияи инкишофи барвақтии кӯдак, дар факултети  геоэкология  лабораторияи ташхисгоҳи экологӣ  ва дар факултети санъати тасвирӣ ва технологияи устохонаи кандакорӣ таъсис дода шудаанд.

Бояд зикр кард, ки дар самти илмҳои дақиқ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Агарчи соли 2017  3 нафар унвонҷӯи фанҳои дақиқ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда бошанд, соли 2018  ин теъдод ба 9 нафар расид. Яъне, аз 16%-и соли 2017 дар соли 2018 ба 29% расонида шуд, ки 13% зиёд мебошад. Боиси қаноатмандист, ки соли 2019 як нафар устоди донишгоҳ рисолаи докториро дар самти илмҳои дақиқ дифоъ намуд.

Боиси тазаккур аст, ки  таваҷҷуҳи довталабони зинаи магистратура ва докторантураи PhD ба ихтисосҳои равияи фанҳои дақиқ ва тиббию риёзӣ бештар гардидааст, ки ин аз  беҳтар гардидани  вазъи таълими фанҳои дақиқ ва бештар гардидани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, таъсиси лабораторияҳои замо­навии тахассусӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар парки технологӣ дар асоси шартнома бо Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияи нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия то марҳилаи ҳисоботӣ 1 рисолаи докторӣ  дар мавзӯи «Хусусиятҳои электрофизикии дигаргунсозакҳои энергияи офтоб ва гармӣ дар асоси кремнии поликристалии дубора” ба миён омада, аз рӯйи  мавзӯъҳои «Коркарди технологияҳои инноватсионии ҳосил кардани энергияи гармӣ ва электрикӣ бо истифодаи нури офтоб ва маводи таркибии махсус»  ва «Рушди соҳаи энергетикаи барқии офтобӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ» 2 нафар докторант тадқиқот бурда истодаанд.

Таҷдид ва бо техникаю технологияҳои нави муосир муҷаҳҳаз намудани лабораторияи механикаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физика ва техника, инчунин фароҳам сохтани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба рушди фанҳои дақиқ аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат маншаъ мегирад.

Дар ин радиф метавон аз дастовардҳои назарраси донишҷӯёни факултети физика ва техникаи донишгоҳ дар соли ҷорӣ истиқбол намуд. Масалан, дар Олимпиадаи байналхалқии Донишгоҳии муштараки илмҳои математикии Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Могилёви Беларус аз рӯйи ихтисоси математика доир гардид, аспиранти соли сеюми факултети математика  Достонҷон Баротов ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Ҳамчунин донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкати муваффақона дошта, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси физика Гулбаҳор Умарова аз фанни астрономия сазовори ҷои сеюм, донишҷӯи курси сеюм Шодиев Шоҳмурод аз фанни физика сазовори ҷои дуюм шуданд. Ҳамчунин Шодиев Шоҳмурод дар олимпиадаи донишҷӯёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни физика иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм гардид.

Донишҷӯи соли сеюми факултети физикаю техника Шоҳмурод Шодиев ба гирифтани стипендияи Президентӣ, докторант Фирӯза Мирзоқобилова, магистрант Алишер Бердимурадов ва донишҷӯ Умед Дилшодзода ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят шарафёб гардиданд.

Ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар донишгоҳ хеле назаррас буда, устодони мо соҳиби зиёда аз 40 патент мебошанд. Дар ҳамин замина метавон таъкид дошт, ки Академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Масаид Шерматов, узви вобастаи ҳамин Академия дотсент Мамадҷон Маҳмудов, дотсентон Саидқаҳҳор Ёқубов, Рустамҷон Валиев ва дигар устодону донишҷӯён дар ихтироъкориву навовариҳои соҳаҳои физика ва техника ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд.

Мо бояд баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон саъю талош намуда, ташаккули афкори эҷодиву созандаи  халқ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ неруи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, бо ин роҳ  баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи муассир гузорем.

Источник: khovar.tj