Омӯзиши баъзе тағйиротҳои Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
251

         Санаи 10.02.2022 бо мақсади оммафаҳм гардидани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо иштироки Зафар Ҳакимов – сардори идораи иқтисод ва молияи Иттифоқи Тоҷикматлубот, Талбак Худойназаров – сардори шуъбаи бозорҳо, савдо ва хӯроки умумии Иттифоқи Тоҷикматлубот ва Қурбоналӣ Шеров – ҷонишини сардори идораи иқтисод ва молияи Иттифоқи Тоҷикматлубот дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарон ва сармуҳосибони ташкилоту муасссиаҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлуботи вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.
      Дар ҷамъомад муқаррароти асосӣ, навгонӣ ва сабукиҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба таври мушаххас шарҳу тавзеҳ дода шуд.
       Зикр гардид, ки Кодекси андоз аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат мебошад ва баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона гардида, дар он ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинї шудаанд.

Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав:

– теъдоди умумии андозҳо аз 10 намуд то 7 намуд кам гардидааст;
– ҷиҳати кам кардани арзиши аслии маҳсулот, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 15 то 5 фоиз кам карда шудааст;
– меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 ба андозаи 13 фоиз пешбинӣ шудааст, ки чунин меъёр ба фароҳам овардани шароити мусоид ба саноатчиёни кишвар ва ба ин васила таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти ватанӣ нигаронида шудааст;
– меъёри андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои ҷои кори асосӣ 12 фоиз пешбинӣ карда шудааст (тибқи Кодекси пештара 13 фоиз муқаррар гардида буд);
– бо мақсади коҳиш додани сарбории андоз нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ – ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ меъёри андози иҷтимоӣ 20 фоиз пешбинӣ шудааст (тибқи Кодекси пештара 25 фоиз муқаррар гардида буд).