Олимони тоҷик барои пешгирии коронавирус маҳлул истеҳсол карданд

0
124

Олимони тоҷик барои пешгирии коронавирус маҳлул истеҳсол карданд

Гипохлорити натрий бо мақсади безаҳрсозии қабати беруна, шустушӯи даст, ҳолати беҳдоштию санитарӣ, безаҳрсозии зиддивирусии ҷойҳои ҷамъиятӣ, корӣ ва ғайраҳо истифода мешавад.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Олимони тоҷик барои пешгирӣ аз вируси корона маҳлул истеҳсол карданд, гузориш медиҳад “Ховар”.

Манбаъ менависад, ки “Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии мубориза бо вирусҳо, аз ҷумла намудҳои гепатит, ВИЧ/СПИД, зукоми мавсимӣ ва, албатта, коронавирус бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли гипохлорити натрийи тиббӣ оғоз намуд”.  

“Гипохлорити натрий бо мақсади безаҳрсозии қабати беруна, шустушӯи даст, ҳолати беҳдоштию санитарӣ, безаҳрсозии зиддивирусии ҷойҳои ҷамъиятӣ, корӣ ва ғайраҳо истифода мешавад”, – изҳор доштааст Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо.

Тибқи маълумоти масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ҳол дар ҷумҳурӣ гипохлорити натрийи тиббӣ истеҳсол нагардида, ин маҳсулот пурра аз хориҷи мамлакат ворид мешуд.

29 феврал намунаи ин маҳсулоти истеҳсолшудаи олимони тоҷик ба муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҶТ  Мирҳамуддин Камолзода муаррифӣ гардид.  Номбурда тавсия дод, ки истеҳсоли аввалин ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо нафарони дар карантинбуда нигоҳ дошта мешаванд, интиқол дода шавад.

Имрӯз, 2 март,  аввалин маҳсулоти истеҳсолшуда —  гипохлорити натрийи тиббӣ  — ба ин муассисаи тиббӣ дастрас карда шуд.

Источник: sputnik-tj.com