Олимон муайян намуданд, ки коронавирус дар рӯзи чандум ошкор мегардад

0
151

Олимон муайян намуданд, ки коронавирус дар рӯзи чандум  ошкор мегардад

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи таҳқиқоти олимони амрикоӣ, давраи миёнаи инкубатсионии коронавируси нав 5,1 рӯзро ташкил медиҳад; давоми 11,5 рӯз аломатҳои беморӣ дар 97, 5 фоизи беморон зуҳур меёбанд. Аз ин рӯ, олимон карантини 14-рӯзаро асоснок мешуморанд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи «Annals of Internal Medicine» нашр шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Олимон то ҳанӯз пурра намедонанд, ки коронавируси нав COVID-19 то чӣ андоза сироятнок аст. Якчанд ҳолатҳое буданд, ки вирусро шахсоне интиқол медоданд, ки ягон аломати зуҳури онро надоштанд. Вале, дар аксари ҳолатҳо ҳанӯз аз лаҳзаи нахустини зуҳури беморӣ интиқолдиҳандаи сироят ба дигарон хатар эҷод мекунад. Давраи сироят ва  вақти аввалин нишонаҳои онро давраи инкубатсионӣ меноманд.

Донистани давомнокии беморӣ барои таҳияи стратегияи муқовимат бо паҳншавии он ва муайян кардани муҳлати карантин хеле муҳим аст. Нигарониҳое мавҷуданд, ки давраи карантини 14-рӯзаи COVID-19  чандон тӯлонӣ нест ва онро бояд то 19 ё 24 рӯз дароз намуд.

Источник: khovar.tj