Олимон муҳлати охирини хуруҷи коронавирус дар Россияро номбар карданд

0
95

Олимон муҳлати охирини хуруҷи коронавирус дар Россияро номбар карданд

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносон аз Донишгоҳи технология ва дизайни Сингапур пешгӯӣ кардаанд, ки паҳншавии COVID-19 дар Россия моҳи июл ба охир мерасад. Дар ин бора РИА “Новости” хабар додааст.

Ҳамчун як қисми таҳқиқоти худ, онҳо ба нақшаи математикии паҳншавии сирояти коронавирус такя кардаанд, ки динамикаи гирифторӣ, сироятёбӣ ва табобатро тавсиф мекунад.

Тибқи ин нақшабандӣ, вазъ дар Россия то 20 май 97 фоиз, то 28 май 98 фоиз ва то 20 июл 100 фоиз муътадил хоҳад шуд.

Ҳамзамон олимон даъват кардаанд, ки ба ҳама гуна пешгӯиҳо хушбинона ва эҳтиёткорона муносибат кунанд.

Источник: khovar.tj