Ҷоизаи тиллоии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» ба фонди Осорхонаи миллӣ тақдим гардид

0
210

Ҷоизаи тиллоии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» ба фонди Осорхонаи миллӣ тақдим гардид

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи тиллоӣ аз намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019»-ро бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Озода Раҳмон барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифӣ ба фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» тақдим гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов  иттилоъ дод, ҷоизаи мазкур аз ҷониби сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва маниторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар самти ҷамъоварии осори давраҳои пурифтихори миллати тоҷик, ёдгориҳои нодир, осори хаттӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, касбӣ ва мардумии тоҷикон нақши муҳим дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабр зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019»-ро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷоизаи тиллоии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» ба фонди Осорхонаи миллӣ тақдим гардидБояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба як қатор дастовардҳои назарраси сатҳи байналмилалию минтақавӣ ноил гардид, ки сазовори Ҷоизаи тиллоӣ гардидани гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Боғдорӣ барои рушди деҳот» дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» яке аз онҳост.

Намоишгоҳи мазкур аз 29 апрел соли 2019 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардида, то 7 октябри соли 2019  идома ёфт.

Тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор нафар ва дар рӯзҳои истироҳатӣ то 45 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва хориҷӣ дидан намудаанд. Ҳамчунин дар ин Намоишгоҳ зиёда аз 110 давлати ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилотҳои Чин иштирок карда, барои мукофотҳои Намоишгоҳ довталабӣ намуданд.

8-уми октябр дар маросими расмии ҷоизасупории Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» тибқи қарори Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ дар асоси хулосаи комиссияи байналмилалӣ иборат аз 11 нафар аз кишварҳои гуногун таҳти роҳбарии Президенти Ассотсиатсияи    байналмилалии    истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои боғдорӣ (AIPH) Бернард Костером Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи «Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ» аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқатии мавзӯъ, муаррифӣ, ташкили кори Павилион ва тарҳи меъморӣ соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳи байналмилалии “ЭКСПО-2019” Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба мавзӯъ дастовардҳои соҳаи боғдорӣ, аз ҷумла меваҳои тару тозаи экологӣ, меваҳои хушк, фишурдаи меваҳо, асал, обҳои ташнагишикани ширкати навтаъсиси «Сиёма» ва дигар маҳсулоти ширкат ва корхонаҳои худро муаррифӣ намуд.

Источник: khovar.tj