ОЁ ШАБИ СОЛИ НАВ ДАР ДУШАНБЕ БАРФ МЕБОРАД? Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд

0
139

ОЁ ШАБИ СОЛИ НАВ ДАР ДУШАНБЕ  БАРФ МЕБОРАД? Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»   дар Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд

ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 декабр дар  шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар ин бора муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парвина Саидҷамолова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, 30 декабр дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, каму беш борон меборад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

30-31 декабр дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар қаторкӯҳҳо   боридани борон ва барф дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7  ва рӯзона 12 +17 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона  8 + 13 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯзҳо ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Фаромадани  туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, 30 декабр  дар водиҳо борон борида, туман  мефарояд. 31 декабр ҳавои  бебориш дар назар аст.    Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 9+ 14 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин рӯзҳо тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо  боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 20-25 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук  мешавад.

Тибқи пешбиниҳои  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  моҳи январ дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво ба меъёри муқаррарӣ наздик шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва  ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришоти зиёд пешбинӣ шудааст.

Моҳи феврал низ ҳаво  сербориш шуда, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, қаторкӯҳҳои вилояти Хатлон ва ғарби вилояти Бадахшон борону барф дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки  26 декабр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тағйирёбии иқлим  изҳори нигаронӣ намуда, зикр  намуданд, ки  дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шуда, пурра аз байн рафтаанд.

Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург, аз ҷумла дарозтарин ва бузургтарин пиряхи дар хушкӣ ҷойгиршудаи дунё ба номи Федченко, ки дарозии он 76 километрро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Источник: khovar.tj