ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф пешбинӣ шудааст

0
155

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои  тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 24.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳавои  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барф пешбинӣ шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ва барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона  5-10 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барф ба амал меояд.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз  самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф пешгӯӣ мешавад.   Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ  бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  қисман абрнок шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 9+14  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-10  дараҷа хунук ва  рӯзона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Источник: khovar.tj