ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст

0
64

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабр ва дар  баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.   Шамол  аз самти  шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбандаb беборbш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 11+16 ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва  рӯзона 20+25  дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво  камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.

Источник: khovar.tj