ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

0
87

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 17.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрноки бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрноки бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок мешавад.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои қисман абрноки бебориш  дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрноки бебориш шуда,  дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои қисман  абрноки бе бориш пешбинӣ шудааст.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм  ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Источник: khovar.tj