Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва барфу борон дар назар аст

0
150

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва барфу борон дар назар аст

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф ба амал меояд. Дар  ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар  ноҳияҳои алоҳида борону барф меборад. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои доманакӯҳӣ боридани борон ва барф  дар назар буда, туман мефарояд . Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад.  Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2-7 дараҷа хунук ва  рӯзона аз  3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 4+6  ва  рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Источник: sputnik-tj.com