ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

0
192

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 28.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш   дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона  10-15 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол  аз  самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва   рӯзона   3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ   шудааст. Шамол аз самти  шарқ  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-12  дараҷа хунук ва  рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Источник: khovar.tj