ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кутоҳмуддат дар назар аст

0
114

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кутоҳмуддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кутоҳмуддат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда  борони кутоҳмуддат  меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 7 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боришоти  кутоҳмуддат  дар назар аст.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 12+17дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда,  борон пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва  рӯзона 12+17 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Источник: khovar.tj