ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад

0
53

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  рӯзона эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва  рӯзона 15+20  дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво  тағйирёбанда шуда,  борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Источник: khovar.tj