ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад

0
146

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда,  борон меборад

ДУШАНБЕ, 05.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 7 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд бошад, тағйирёбандаи боронӣ мешавад.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва  рӯзона 9+14 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Источник: khovar.tj