«Оби Зулол»: Тасмими фаъол кардани хатҳои нави истеҳсолӣ

0
138

«Оби Зулол»: Тасмими фаъол кардани хатҳои нави истеҳсолӣ

ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ Ховар/. Масъулини Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» бо воридсозии хатҳои нави технологӣ тасмим доранд истеҳсоли маҳсулоти ғизои бачагона ва афшураҳоро ба роҳ монанд. Дар ин бора аз мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки ҶСП «Оби зулол» бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии мамлакат аввалин шуда, истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғизои кӯдаконро дар зарфҳои «Дой-пак» ба роҳ хоҳад монд.

Бо ин мақсад корхона аз ширкати «Navatta Group»-и Италия хатти технологии «GUALAPACK»-ро ба маблағи қариб 700 ҳазор евро харидааст. Айни замон насби хатти технологӣ идома дошта, тавассути таҷҳизоти нав дар зарфҳои «Дой-пак» аз меваҳои себ, шафтолу, нок, қулфинай маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Дар назар аст, ки барои кӯдакон, наврасони синни томактабӣ ва ҷавонон омехтаи меваҳои пухтасоидашуда ё смузи аз гулчини меваҳо, олу, себ, шафтолу, биҳӣ, нок ва барои гурӯҳи васеи истеъмолкунандагон нок, олу, анор, олуча бо мағзи ин меваҳо истеҳсол карда шавад. Ашёи хоми асосӣ барои маҳсулоти истеҳсолшаванда хамираи меваҳои ватанӣ маҳсуб ёфта, корхона бо хоҷагиҳо барои харидории 20 ҳазор тонна мева шартнома бастааст.

Ҳангоми пурра ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, ки дар маҷмӯъ ба маблағи 2,5 миллион евро харидорӣ шудаанд, имкон пайдо мешавад, ки ба маблағи 120 миллион сомонӣ маҳсулоти иловагӣ истеҳсол ва беш аз 50 ҷойи корӣ таъсис дода шавад.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда тибқи нақша ба бозорҳои дохилӣ бароварда шуда, ҳамзамон ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон содирот карда мешавад.

Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни насби таҷҳизот Раиси вилоят барои пурра ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти корхона тавсияҳои судманд дод.

Источник: khovar.tj