Оғози сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

0
224

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавии чорситорадор оғоз бахшиданд.

Нахуст Сарвари давлат дар маҳалли сохтмон бо лоиҳаи меҳмонхонаи замонавӣ шинос шуданд.

Сохтмони меҳмонхонаи чорситорадор аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Тоҳир Ҳукуматов, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 августи соли 2019 ба роҳ монда мешавад.

Меҳмонхона аз 18 ошёна иборат буда, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд хоҳад гардид.

Мутобиқи лоиҳа, иншоот дорои 90 ҳуҷра буда, дар як вақт ба 300 нафар хизмат мерасонад.

Дар меҳмонхона бунёди марказҳои хизматрасонӣ – фароғатӣ, толори маҷлис, толори машварат, толорҳои варзиш, шиноварӣ, кинотеатр, тарабхона, қаҳвахона ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ, ба нақша гирифта шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи баландошёна 30 нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз пурра ба истифода додани он то 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Баъди шиносоии пурра бо лоиҳаи меҳмонхонаи замонавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватандӯст баҳои баланд дода, баҳри иҷрои босифати корҳо ва риояи талаботи санъати баланди меъмории миллӣ дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Соҳибкори ватанӣ бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки иншооти мазкурро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду сол бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта мавриди истифода қарор диҳад.

Источник: president.tj