Оғози сафари корӣ дар Туркманистон

0
85

27 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲӢ) вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов самимона пазироӣ карданд.

Сарвари кишвари мизбон баъди истиқболи гарм Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Дар маросими истиқболи меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод.

Источник: president.tj