Оғози сафари корӣ дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун”

0
40

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.

Ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гашта, дарозии иншоот бо назардошти баромадгоҳ 1750 метр ва қутраш 15 метрро дар бар мегирад.

Иқтидори нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукааб об мебошад.

Дарозии нақбҳои дастрасӣ ва аэротсионӣ (яъне ҳаводиҳӣ) бошад 2319 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои лоиҳакишии иншоот аз ҷониби ширкати “ЭФРИ”-и Швейтсария ва ҶСП “Тоҷик Кон” анҷом дода шуда, сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” ва ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома дорад.

Ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ дар ин қитъа тибқи лоиҳа 417 ҳазору 881 метри мукааб ва бетонхобонӣ 136 ҳазору 286 метри мукааб буда, то имрӯз корҳои нақбканӣ 374 ҳазору 102 метри мукааб ва бетонхобонӣ 39 ҳазору 200 метри мукааб иҷро гардидааст, ки корҳои нақбканӣ 89 дарсад ва бетонхобонӣ 29 фоизро ташкил медиҳад.

Айни замон бо ҷалби мутахассисони ватанӣ арматурбандии бетони конструктивии девор, сақфи нақб, корҳои сементатсионии пуркунанда, мустаҳкамкунанда ва дигар корҳои сохтмонӣ ба таври шабонарӯзӣ ҷараён дорад.

Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум низ тибқи нақша корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон дар ду баст ба роҳ монда шуда, рӯз то рӯз бунёдгузорони ин қитъаи сохтмонӣ ба марҳилаи ниҳоии кор дар нақби сохтмонии қабати чорум наздик мешаванд.

Нақби сохтмонии қабати чорум дар сурати зарурат барои гузаронидани ҳаҷми оби зиёдатии обанбор дар назар дошта шудааст.

Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои то имрӯз ба анҷом расонидашуда ва нақшаҳои оянда муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муҳайë будани имконияти созгор барои кормандон ва дастгирию таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа замина гузоштааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба масъулон ва сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” дастур доданд, ки иншоотро дар муҳлати пешбинишуда ва мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ буда, саривақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии Неругоҳи барқи обии “Роғун” эътимоди қавӣ доранд.

Источник: president.tj