Оғози сафари корӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

0
151

Пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон дар рӯзи дуюми сафари худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмони олимақомро роҳбарият ва фаъолони вилоят гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамин гуна гарму самимӣ истиқбол меёбад, зеро боздидҳои кории Пешвои миллат ва ҳидоятҳои созандаашон боиси ободиву пешрафти беназири ин гӯшаи дурдасти Ватан гардидааст.

Ин навбат низ дар шаҳри Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд иншооти муҳими хоҷагии халқро мавриди истифода қарор дода, ҳамчунин барои бунёди як зумра иншооти дигар санги асос хоҳанд гузошт.

Источник: president.tj