Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рашт

0
98

21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Рашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона самимона истиқбол гирифтанд.

Источник: president.tj