Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг ва ифтитоҳи пули нав дар байни деҳаҳои Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии ноҳияи Муъминобод

0
108

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд.

Истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи роҳбарият ва сокинони сарбаланди ноҳияи Ховалинг дар деҳоти Ғаффор Мирзо бо арҷгузорӣ ба дастоварду муваффақиятҳо дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар сурат гирифт.

Дар ноҳияи Ховалинг Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст  пули нав дар байни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони  ноҳияи Муъминободро мавриди истифода қарор доданд.

Пули нав дар болои дарёи Ёхсу сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад.

Иқтидори борбардории пул 40 тоннаро ташкил медиҳад.

Иншооти нав дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумахон Қосимов дар муддати кутоҳ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ масъалаи таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишварро ҳадафи муҳимтарини фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи амалии ин ҳадаф пайваста тадбрҳои муҳимро амалӣ месозад. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёди роҳу пулҳо, ки василаи асосиву муассири пешрафти иқтисодии давлат ва таъмини шароити зиндагии сазовори шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад, дастовардҳои назаррас ба миён омадааст. 

Ифтитоҳи пули байни деҳаи Панҷариён ва Синҷӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳот намуна арзёбӣ карданд.

Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг бунёду навсозии иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори маҳал ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад. 

Мавриди истифода қарор гирифтани пули нав дар болои дарёи Ёхсу аз иқдомҳои муҳим дар ин роҳ буда, мушкили сокинони ин ду деҳаи ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободро дар самти рафтуомад рафъ намуда, барои интиқоли молу маҳсулот, рушди иқтисодии хонаводаҳо ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ заминаи устуворро фароҳам овард.  

Бино ба таъкиди масъулон тавассути ин пул сокинону сайёҳон ва меҳмонон метавонанд дар муддати кутоҳ ба мавзеи таърихию сайёҳии Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод ва дигар маконҳои таърихию сайёҳии ноҳияи Ховалинг дар кутоҳтарин муҳлат расанд.

  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи пули навро барои сокинони ноҳияҳои Ховалингу Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи соҳибкорони бонангу номуси мамлакат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Источник: president.tj