Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Фархор

0
134

2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъиноташон гуногун ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия меҳмони олимақомро роҳбарияти вилояти Хатлон ва сокинону фаъолони ноҳияи Фархор истиқбол намуданд.

Ба хотири истиқбол аз Сарвару роҳнамои худ мардуми фарҳангдӯсту меҳмоннавоз ба кӯчаҳо баромада, бо ҳар гуна шиору овезаҳо аз ташрифи Пешвои муаззами миллат ба ноҳия истиқбол карданд. 

Источник: president.tj