Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ифтитоҳи бинои Мактаб-интернати нав дар деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ

0
82

28 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Дар деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мардуми шукргузору ваҳдатсарои ноҳия истиқбол гирифтанд.

Нахуст, дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб-интернати наву замонвӣ, ки дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 Ин муассисаи таълимӣ, ки аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва имконияту шароити муосири таълиму тарбия дар ноҳия назир надорад, дар доираи  дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шудааст ва дар он асосан аҳолии синни мактабии деҳоти Анзоб ва Водии Яғноб ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳи мактаб-интернат моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, аз чор ошёна иборат аст ва дорои ошхонаи барҳаво, китобхона бо фарогирии шумораи зиёди адабиёти бадеӣ, синфхонаи шоҳмот, синфхонаҳои компютерӣ, ҳунаромӯзии духтаронаю писарона, ҳуҷраҳои барҳавои хоб, дарстайёркунӣ, нуқтаи тиббӣ, ҷойи дарзмолкунӣ, толори барҳавои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ду синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудааст, барои соҳибкасб гардидани духтарону писарони деҳоти Анзоб ва Водии Яғноб метавонад, нақши калон дошта бошад.

Дар ин синфхонаҳо духтарон ҳунари дӯзандагӣ ва писарон дуредгарию оҳангариро меомӯзанд.

Хобгоҳи мактаб-интернати назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 дар маҷмӯъ барои 110 нафар пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ба таъкиди Пешвои миллат ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад. 

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаб-интернати нав, ки дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омад, барои хонандагон тӯҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону мураббияҳо даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Ҳамаи синфхонаҳои мактаб-интернат бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст.

Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

Дар ин мактаб-интернат ҳамчунин як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шудааст. Дар фасли сармо ба воситаи ин буғхона тамоми иншооти мактаб-интернат бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Тарбиятгирандагони мактаб-интернати мазкур ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар деҳоти Анзоб дар баробари бунёди хобгоҳи мактаб-интернат ҳамзамон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 низ пурра навсозӣ гардида, барои хонандагон шароити мусоиди илмомӯзӣ фароҳам оварда шуд. 

Омӯзгорон мегӯянд, бинои муассисаи таълимӣ ҳануз соли 1985 сохта шуда, вақтҳои охир ҳолати ногувор дошт.

Шурӯъ аз соли нави хониш хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири илмомӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Бинои таълимии мактаб аз чор ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон мебошад ва барои 740 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба 20 нафар ятими кулли деҳоти Анзоб ва 40 нафар наврасони Водии Яғноби ноҳияи Айнӣ, ки аз ин пас дар ин муассисаи таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ ҳамчунин бинои таваллудхонаи нави Маркази саломатии деҳоти Анзобро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои таваллудхона ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, аз панҷ ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, таваллуд ва баъди таваллуд, инчунин хатна ва утоқи кории табибон иборат мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳои таваллудхонаи нав бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки аз ин пеш дар ин ҷо таваллудхона мавҷуд набуд ва занони Водии Яғноб, деҳаҳои Марғеб, Анзоб ва Марзич масофаи зиёда аз 40-50 километрро тай карда, ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон ва маркази ноҳияи Айнӣ мерафтанд.

Источник: president.tj