Оғози мавсими оббозӣ ва ҳушдори КҲФ ба сокинон: эҳтиёт кунед

0
66

Оғози мавсими оббозӣ ва ҳушдори КҲФ ба сокинон: эҳтиёт кунед

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо фаро расиии фасли гармо ва мавсими оббозӣ ба сокинон ҳушдор додааст, ки аввал қоидаҳои шиновариро аз худ карда, пасон вориди об шаванд ва аз эҳтиёт кор бигиранд

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита ин ниҳод чанд қоидаҳоро ба шаҳрвандон пешниҳод карда, хостааст дар масими оббозӣ онро риоя кунанд.

 Кумита сабаби ғарқшавии одамонро шарҳ дода гуфтааст, одамон на барои он ғарқ мешаванд, ки шиноварӣ наметавонанд, балки аз он ба фоҷеа мепечанд, ки аз соҳил дур мераванд ва ҳангоми бозгашт қувваташон намерасад. Дар ин ҳол онҳо ба воҳима дода мешаванд ва ҳисси боварӣ ба худ гум мешавад.

Ин ниҳод чандин тавсияҳоро ба сокинон пешниҳод карда гуфтааст, – танҳо баъди 1,5 – 2 соати ғизо хӯрдан, метавон дар обҳои озод дар ҳарорати на камтар аз 15 дараҷа гармии об оббозӣ кард

Барои оббозӣ ҳатман ҷойеро интихоб кард, ки махсус муайян шудааст ва набояд дар ҷойҳое, ки ношиносанд ғаввосӣ кард, зеро ба қаъри он метавонад санг, кундаҳои гурмдор, арматурҳои сохтмонӣ бошанд; 

Дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад.

Набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об, дар ҳоли  мастӣ оббозӣ кардан қаъиян манъ аст.

Тибқи омори Кумита  танҳо дар соли 2019 дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ҳангоми оббозиву шиноварӣ 141 нафар дар кишвар ғарқ шуданд.

Аз ин шумор 11 нафари онҳо бачаҳои то 4-сола буданд. 14 нафар бачаҳои аз 5 то 11-сола; 31 нафарашон аз 11 то 16-сола, 50 тани дигар синнашон аз 17 то 35 буд ва 35 нафари боқимонда афроде буданд, ки синнашон аз 35 сол боло будаанд. 

Источник: sputnik-tj.com