Оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик -Кангурт

0
202

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшиданд.

Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад.

Мутобиқ ба лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё таҷдид мегардад.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирад ва баъди таҷдиду навсозӣ ин мушкил аз байн хоҳад рафт. Лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба масъулон дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Источник: president.tj