Оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди “Данғара-Оқмазор”

0
82

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба лоиҳаи сохтмон ва азнавсозии роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар” марҳилаи якум “Данғара-Оқмазор” шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи сохтмон ва азнавсозии роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар” се марҳиларо дар бар мегирад.

Марҳилаи якум 28,7 километр, марҳилаи дуюм 30,7 километр ва марҳилаи сеюм 9,7 километрро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи якум “Данғара-Оқмазор” 28,7 километрро ташкил намуда, пас аз таъмиру азнавсозӣ иншоот ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Тибқи лоиҳа паҳноии хати ҳаракат 3,5 метр ва паҳноии мумфарши роҳ аз 7 то 8,4 метрро дар бар мегирад.

Дар иншоот 5 пул бо дарозии 75 метр, 37 қубур, 23 истгоҳи замонавӣ, равшаннамоии маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди “Данғара-Левакант-Бохтар” марҳилаи якум “Данғара-Оқмазор” бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд татбиқ карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар” солиëни зиëд таъмири асосиро надида буд ва зарурати сохтмон ва навсозӣ ба миëн омад.

Дар ояндаи наздик бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар” марҳилаи якум “Данғара-Оқмазор” тавассути ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавӣ ва техникаву механизми муосири роҳсозӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида шуда, сокинон аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиëт баҳравар мегарданд.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ қабул шуда, дар доираи он роҳҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳила ба марҳила ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Натиҷаҳои то имрӯз ба даст омада дар соҳаи роҳу нақлиëт назаррас буда, бе ягон мушкилот дар ҳама фасли сол рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот ба шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар сурат мегирад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар” марҳилаи якум “Данғара-Оқмазор” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, иншоотро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талабот бунёд ва ба истифода диҳанд, то солиëни зиëд ба сокинон хизмат расонад.

Источник: president.tj