Оғози бунёди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва шиносоӣ бо лоиҳаи як қатор иншооти нав

0
164

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ёвон ҳамчунин ба корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи як қатор иншооти сохташаванда шинос шуданд.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад.

Масоҳати замини барои иншоот пешбинигардида дар маҷмӯъ 7113 метри мураббаъро дар бар мегирад. Иншоот аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, дар он барои кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати кору фаъолият дар самти хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам карда хоҳад шуд.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар асоси лоиҳа аз 22 утоқи корӣ, маҷлисгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар бино ҳамчунин китобхона ва толори хониш ҷой дода мешавад.

Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо ҷалби 50 нафар мутахассисони ватанӣ сохта мешавад.

Сарвари давлат дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулон ҷиҳати назорати ҷиддии сифати корҳои сохтмонӣ ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Корхонаи истеҳсоли гаҷкартони “Моҳир”, “Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ”, лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон” ва лоиҳаи “Таъминоти оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳраки Ёвон” муаррифӣ карда шуд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар масоҳати 9375 метри мураббаъ бунёд мегардад ва дар он ин рамзи муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дар баландии 55 метр парафшон карда мешавад.

Ҳамчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар ин майдон муҷассамаи шоҳ Исмоли Сомонӣ бо баландии 10 метр гузошта мешавад.

Майдони Парчами давлатӣ бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат дода мешавад ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дигар шароити зарурӣ муҳайё мегардад.

Корхонаи истеҳсоли гаҷкартони “Моҳир” дар ноҳияи Ёвон дар асоси дастуру ҳидоятҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурра аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар сохта мешавад.

Корхонаи муосири саноатӣ дар масоҳати 6,33 гектар замин бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳирсемент» бунёд мегардад.

Дар асоси лоиҳа иқтидори истеҳсолии корхона 200 ҳазор тонна гаҷ, 30 миллион метри мураббаъ гаҷкартон ва гаҷкартон барои сақф дар як сол хоҳад буд.

Ҳамчунин дар корхона дар як сол 70 ҳазор тонна ғурагаҷ (шпаклевка) истеҳсол карда хоҳад шуд. Муҳлати бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар ноҳияи Ёвон то соли 2022 пешбинӣ гардида, дар он 150 ҷойи кори доимӣ барои шаҳрвандони мамлакат фароҳам карда мешавад.

Дар ноҳияи Ёвон ҳамзамон дар асоси ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд татбиқи лоиҳаи “Таъминоти оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳраки Ёвон” бо ҷалби 5,8 миллион доллари амрикоӣ идома дорад.

Ҳангоми шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни иҷрои ин тарҳ иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хобонидани 7,5 километр шоҳқубури баландфишори марказӣ, 2,2 километр шоҳқубури худҷоришаванда ва 5,8 километр қубурҳои қутрашон гуногун барои васеъ намудани шабакаҳои дохилии шаҳраки Ёвон пешбинӣ гардидааст.

Дар ин замина аллакай сохтмони пойгоҳи муосири обкашӣ бо ду ҳавзи таҳшинкунанда бо ғунҷоиши 15 ҳазор метри мукааб об, коргоҳи обполоӣ, обанбори оби тоза бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб ва дастгоҳи безараргардонӣ ба анҷом расидааст.

Дар доираи лоиҳа бо мақсади истифодаи сарфакоронаи оби ошомиданӣ ва пешгирӣ аз талафоти он 3000 ҳисобкунаки обӣ дар манзилҳои истиқоматии сокинони маркази ноҳия насб карда шудааст.

Соли равон ҳамчунин сохтмони обанбор дар деҳаи Қамбарии ноҳия бо ғунҷоиши 4000 ҳазор метри мукааб ва хобонидани 3,6 километр шабакаҳои обтаъминкунии шаҳракаи Ёвон ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо рафти иҷрои лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон”, ки аз моҳи марти соли 2017 идома дорад, масъулонро барои мақсаднок истифода намудани маблағҳои ҷалбгардида муваззаф намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози татбиқи ин лоиҳа аллакай беш аз 52 дарсади маблағҳои пешбинигардида азхуд карда шудааст ва корҳо дар ин самт дар асоси нақшаи мукаммали корӣ босуръат идома дорад.

Дар доираи лоиҳа бо мақсади саривақт баровардани партовҳои сахти маишӣ аз назди манзилҳои истиқоматии сокинони маркази ноҳия ба Раёсати коммуналӣ – истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон техникаҳои соҳавӣ ҷудо гардидааст.

Дар маркази шаҳраки Ёвон дар доираи омодагиҳои ба ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ раванди тадбирҳои ободонӣ босуръат идома дорад ва татбиқи ингуна лоиҳаҳои муҳим метавонад дар самти ҳифзи муҳити зист мусоидати фаъол намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо рафти татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар шаҳраки Ёвон ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинигардида, иҷрои босифати корҳои сохтмонию васлгарӣ ва дар вақти муайяншуда ба истифода додани ҳамаи тарҳҳои банақшагирифташуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Источник: president.tj