Қоҳир Расулзода дар Тошканд бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард

0
176

Қоҳир Расулзода дар Тошканд бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, Қоҳир Расулзода дирӯз барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд сафар намуд.

Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон ва Президенти Ӯзбекистон дар фазои дӯстона ва судманд сурат гирифт.

Шавкат Мирзиёев рушди муттасили муносибатҳои байни ду давлатро зикр карда, сатҳи баланди шарикиро таъкид намуд.

Қохир Расулзода ба Президенти Ӯзбекистон барои пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намуда, таманниёти беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонид.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ баррасии масъалаҳои татбиқи тавофуқоте, ки дар ҷаласаҳои охири сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои СҲШ ба даст омадаанд, инчунин тавсеаи заминаи меъёрию ҳуқуқии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи созмон дар назар аст.

Иштирокдорони ҷаласа тасмим доранд, ки лоиҳаи нусхаи нави барномаи ҳамкории бисёрҷанбаи тиҷоративу иқтисодии СҲШ-ро тасдиқ намоянд.

Источник: khovar.tj