ОҚИБАТҲОИ COVID-19 ВА ТАДБИРҲО БАРОИ РАФЪИ ОНҲО. Мулоҳизаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат оид ба таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон ва Тоҷикистон

0
111

ОҚИБАТҲОИ COVID-19 ВА ТАДБИРҲО БАРОИ РАФЪИ ОНҲО.  Мулоҳизаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат оид ба таъсири пандемияи коронавирус  ба  иқтисодиёти ҷаҳон ва Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 02.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавобан ба буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки онро бемории сироятии коронавирус ба вуҷуд овард, давлатҳои ҷаҳон чӣ гуна тадбирҳо меандешанд? Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ чӣ гуна кумакҳои иқтисодӣ зарур аст? Таъсири дурударози буҳрони иқтисодию молиявӣ ба шуғли аҳолӣ ва соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат чӣ гуна хоҳад буд? Перомуни ин ва дигар масоили  барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари мо муҳим вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Гулбаҳор НАЗИРӢ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:

— Ҳоло тадқиқи дақиқи тағйирёбии иқтидори иқтисодиёти ҷаҳон кори ниҳоят мушкил аст. Ин ба он вобаста аст, ки эпидемияи коронавирус то кай  идома меёбад ва оқибатҳои он чӣ гуна хоҳанд буд.

Имрӯз пандемияи коронавирус инсониятро ба тарсу ваҳм дучор намуда, бисёре аз соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳонро зараровар гардонида, ҳамаи кишварҳои дунёро зери таъсири манфии худ қарор додааст. Сироятёфтагони ин беморӣ дар ҷаҳон рӯз аз рӯз зиёд гардида, ба вазъи ноустувори равонии аҳолӣ таъсири манфӣ  мерасонанд, дар ин замина қобилияти кории онҳо паст мешавад, ки ин мушкилоти иқтисодиро боз ҳам печидатар гардонида, метавонад заминаи хатари асосиро барои сар задани буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ гузорад.

Дар пасманзари ларзишҳое, ки имрӯз дар ҷаҳон рух медиҳанд, дар иқтисодиёт ва  шароити бозори ҳамаи кишварҳо ва қитъаҳои алоҳидаи олам тағйироти ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ низ омилҳои зуҳур ёфтани буҳроне, ки ба монанди пандемияи коронавирус рух медиҳанд ва инсониятро ба тарсу таҳлука меандозанд, ҳамзамон ба номувозинатии иқтисодӣ, чун рессесия (таназзул) ва депрессия оварда мерасонанд. Пас, таназзулро чашмдор будани ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан аз рӯи мантиқ аст.

Воқеан ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ бо беморие дучор гардид, ки дар баробари талафоти ҷонии зиёд ба иқтисодиёти кишварҳо низ хисороти  беназир расонида, доман паҳн кардани он боиси гусаста шудани риштаҳои иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани табодули молу маҳсулот мегардад. Олимону коршиносони замони муосир пандемияи  COVID — 19-ро ба буҳрони шадид, ки солҳои 30-юми асри XX рух дода буд, шабоҳат медиҳанд. Тибқи пешгӯиҳо, пандемияи коронавирус ба камбизоат гаштани тақрибан 500 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон таҳдид мекунад, аз ин рӯ, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин яке аз санҷишҳои вазнинтарини аср ба ҳисоб рафта, солҳои 2021-2022 эҳтимоли сар задани ресессия ва боздошти рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ вуҷуд дорад. Ҳамзамон оқибатҳои он, аз ҷумла талафоти инсонӣ ва тақдири тиҷорату савдои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои аз пандемия зарардида мушоҳида мешаванд, барои тамоми давлатҳои дунё аз ҳолати чашмдор ҷиддитар хоҳанд буд.

Ҷиҳатҳои норавшани ин хатари ҷиддӣ хеле зиёданд, вале дар сурати амалӣ шудани сенарияи ресессияи шадид иқтисодиёти ҷаҳонӣ  ба таври ҷиддӣ хеле коҳиш меёбад, дар ин замина буҳрони иқтисодӣ нисбат ба буҳрони молиявии соли 2008 вазнинтар арзёбӣ мегардад. Маълумот нишон медиҳад, ки пандемия метавонад як қатор кишварҳоро ба ҳолати он нишондодҳои камбизоатӣ, ки тақрибан се даҳсола пеш мушоҳида шуда буданд, баргардонад ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷаҳон аз нишондиҳандаи солҳои 1990 зиёдтар  гардад.

Ҳамзамон созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бузургтарин суқути иқтисодии ҷаҳонро пас аз депрессияи бузурги солҳои 1929-1933  пешгӯӣ мекунанд, ки оқибатҳои  аз  оқибатҳои буҳрони пас аз «Депрессияи бузург»-и солҳои 30-юми Амрико  вазнинтар хоҳанд буд. Ҳатто бо беҳтарин сенария соли 2021 танҳо қисман барқароршавии иқтисодиётро интизор шудан мумкин аст, аммо вазъ метавонад мушкил гашта,  рушди иқтисодии ҷаҳонӣ ба ҳолати манфӣ расад.

Гарчанде ки ҳоло пандемия ба кишварҳои ҷаҳон таъсири ҳамаҷонибаи худро расонидааст, вале бояд ҳақиқати дарднокро қабул кард: айни замон ҷаҳон танҳо дар марҳилаи аввалини як қатор буҳронҳои оянда қарор дорад, ки бо ҳам алоқаманданд ва дар тамоми ҷаҳон таъсири онҳо эҳсос мегардад. Марҳалаи аввал буҳрони низоми тандурустии ҷаҳон буд. Марҳалаи навбатӣ — фалаҷ шудани иқтисодиёт дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Оқибатҳои пандемияи коронавирус барои иқтисодиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳанд буд?

Сарфи назар аз душвориҳои вазъи имрӯза, кишварҳои ҷаҳон барои пешгирии таназзули иқтисодиёт ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодиёти худ тадбирҳои ҷиддӣ андешида истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ   барои пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ ва ҳифзи солимии аҳолии мамлакат, суботи молиявии ҷумҳурӣ, дастгирии корхонаҳо, таҳким бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва зиёд намудани хароҷот ба соҳаи тандурустӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда  васеъ истифода бурда истодааст.

Мувофиқан рушди иқтисоди миллӣ дар заминаи пандемияи муосири COVID-19 ва таъсири он ба муҳити микро- ва макроиқтисодӣ, инчунин вазъи амнияти озуқаворӣ ва иқтисодии мамлакат тағйир ёфта, дар семоҳаи якуми соли 2020 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 7,0 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад ва суръати рушди соҳаҳои кишоварзӣ 1, 5 банди фоиз, сохтмон 18,0 банди фоиз, савдо 3,1 банди фоиз, гардиши бор 1, 9 банди фоиз, хизматрасонии меҳмонхонаю тарабхонаҳо 2,3 банди фоиз коҳиш ёфтааст. Сатҳи таваррум (индекси нархҳои истеъмолӣ) моҳи марти соли 2020 назар ба моҳи феврали соли гузашта 1,6 фоиз зиёд гардидааст. Айни замон  тибқи пешгӯиҳо, коҳиш ёфтани иқтисодиёти Тоҷикистон соли равон то 2 фоиз ва зиёд шудани касри (дефитсити) умумии буҷет эҳтимол дорад.

Ҳамзамон дар баробари ҷой доштани омилҳои таъсиррасони дохилӣ, инчунин омилҳои беруна, аз қабили паҳншавии пандемияи коронавирус дар як қатор давлатҳои шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки низоми савдои хориҷии мамлакат бо онҳо дар самти воридот ва содирот коҳиш ёфтааст, ба рушди нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ таъсири худро расонда истодааст: аз ҷумла, баста шудани сарҳад бо як қатор давлатҳои асосии шарики тиҷоратии мамлакат, ки низоми савдои хориҷӣ дар самти воридот ва содирот бо онҳо қатъ гардидааст (Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Италия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон); коҳиш ёфтани сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, ҷустуҷӯи геологӣ ва истихроҷ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва газ ва соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъмин карда мешаванд (ҳамагӣ 87,6 фоиз таъмин гардида, 72,3 млн. сомонӣ ворид нагардидааст), кам гардидани даромади корхонаҳои азими давлатӣ бо сабаби дар сатҳи нокифоя фаъолият намудани онҳо ва дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи баъзе аз намудҳои моли ба содирот нигаронидашуда, паст шудани қобилияти андозсупории як қатор корхонаҳои соҳаи саноатӣ, коҳиш ёфтани мусофиркашонӣ боиси кам гардидани маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи фурудгоҳҳои байналмилалӣ, коҳиш ёфтани маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи бонкҳо ва паст гардидани даромаднокии онҳо аз ҳисоби бад шудани вазъи молиявии қарзгирандагон ва кам шудани шумораи коргарон дар корхонаю ташкилот дар бахши хизматрасонӣ.

Ҳамзамон паҳншавии пандемияи коронавирус ба коҳиши интиқоли маблағҳо аз хориҷи мамлакат ба ҷумҳурӣ, кам гардидани гардиши савдои хориҷӣ аз давлатҳои алоҳида, паст шудани қурби асъори миллӣ, коҳиш ёфтани хизматрасонӣ, пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои саноатӣ ва бонкҳо, ҳамзамон коҳиш ёфтани қобилияти харидории шаҳрвандон таъсири худро расонида, хатари зарари молиявӣ ба соҳаи иқтисодиёти мамлакат ва дар маҷмӯъ хавфи иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 вуҷуд дорад.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии беморӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин барои таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо озуқаворӣ, воситаҳои ҳифзкунанда ва маводи доруворӣ аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 11,3 млн сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда шуд. Дар баробари ин, бо мақсади ҷалби маблағи иловагӣ ба соҳаи тандурустии мамлакат 3 апрели соли 2020 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии рушд Созишнома оид ба татбиқи «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» ба маблағи 11,3 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонда шуд.

Адиби машҳур Муҳаммади Ҳиҷозӣ дар осори гаронбаҳои худ «Ҳазор сухан» ишораи хубе дорад, ки онро метавон ба ҷаҳони имрӯзаи пуртазод   рабт дод:  Ӯ гуфтааст: «Он қадар аз нури офтоб баҳра бояд гирифт, то он дар зулмоту сардиҳо ба мо кор диҳад». Ҳикмати ин гуфтаҳо борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидааст. Ин сиёсатмадори беназир ва дурбин ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо назардошти таъсири равандҳои геополитикӣ ҷомеаи мамлакатро таъкид намуда буданд, ки барои захира кардани маводи ғизоии аввалия, хусусан ғалла барои ду сол кӯшиш кунанд.

Ба хотири пешниҳоди бунёдии худ 75 ҳазор гектар заминҳои обиро ба сокинон тақсим намуданд, ки ин заминҳо то ҳол чун заминҳои «президентӣ» маъруфият доранд. Аммо  фориғболии иддае аз масъулон дар маҳалҳо ба он оварда расонд, ки солҳои охир аксари ин заминҳо ба чарогоҳҳо табдил ёфта,  аксари  истифодабарандагон ба ин заминҳо беаҳамиятӣ зоҳир намуданд. Натиҷаи ин ба истилоҳ «сер» шудани мост, ки дар аввали баҳор то ҷое камбуди ғалла ва гароншавии орд бинобар паҳн шудани бемории коронавирус эҳсос гардид. Яъне, на ҳар хонавода захираи ғалларо таъмин карда тавонист. Яке аз омилҳои боло рафтани нархи орд низ ба ин вобастагии калон дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол зиёда аз 1 миллион тонна ғалла истеъмол мекунад, 60 фоизи он истеҳсоли дохилӣ буда, 40 фоизи он воридот карда мешавад ва айни замон мо тавони таъмини пурраи аҳолиро бо ин ғизои аввалин надорем. Ба ҷумҳурӣ ғалла бештар аз Қазоқистон ворид мегардад ва ин ҳамсоякишвар низ айни ҳол содироти ғалларо ба дигар кишварҳо муваққатан манъ намудааст.

Давлати мо дар истеҳсоли пахта дар минтақа пас аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойи дуюмро ишғол мекунад ва ҳар сол то 350 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда мешавад, аммо ҳанӯз моҳҳои октябр — ноябри соли гузашта нархи он дар биржаи ҷаҳонӣ коҳиш ёфт. Бо таъсири ин беморӣ ҳамон нархи арзон ҳам (1527 доллар барои ҳар тонна)   то 1210 доллар поён рафт. Мутаассифона, на ҳар хоҷагии деҳқонӣ тавонист маҳсулоти худро ба бозор барорад. Гузашта аз ин, дар мавсими нави кишт деҳқонон бо рӯҳияи начандон болида ба кори кишоварзӣ даст мезананд. Зеро гарон шудани нархи нуриҳои минералӣ, ки аксаран аз хориҷи мамлакат ворид мешуданд, хароҷотро зиёд кардааст. Агар пештар як халта нурии минералӣ 130 – 150 сомонӣ арзиш дошта бошад, ҳоло нархи он ба 170 – 200 сомонӣ расидааст. Дар ин росто бо мақсади дастгирии маҳсулоти истеҳсолкунандаи ватанӣ тақвияти коргоҳҳои истеҳсолӣ, хоссатан саноати сабук, истифодаи матои пахтагин ва эҳёи хонакорӣ бо ҷалби занону бонувон ҳам барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моли ватанӣ ба манфиати кор аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо истеҳсол ва нигаҳдории меваи шаҳдбор дар минтақа ном баровардааст, ҳар сол то 100 ҳазор тонна меваро ба хориҷа содир менамояд. Имсол соҳа ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гардида истодааст, зеро баста шудани роҳҳо имконият намедиҳад, ки захираҳои мавҷуда интиқол ёбанд, дар натиҷа ҳаҷми содирот коҳиш меёбад. Гузашта аз ин, сард омадани ҳаво дар миёнаи моҳи апрел ба боғоти зиёди минтақаи Зарафшон ва водии Фарғона зарари калон расонд. Ин омил низ дар рушди соҳа бетаъсир нахоҳад буд.

Деҳқонони чашмикордони мо бо вуҷуди 162 ҳазор тоннаю 578 килограмм зиёд истеҳсол кардани картошка натавонистанд ҷумҳуриро бо «нони дуюм» таъмин кунанд. Якбора то ба 15 сомонӣ  боло рафтани  нархи як кило ин намуди сабзавот бори дигар собит сохт, ки дар мамлакат ҳанӯз картошкапарварӣ дар ҳаҷми зарурии талаботи мардум ба роҳ монда нашудааст. Дар натиҷаи воридоти беш аз 80 ҳазор тонна картошка ба ҷумҳурӣ ва ташкил кардани кишти барвақтии он имрӯз нархи он каме ба эътидол омадааст. Ҳамзамон баҳри иҷрои супориши Сарвари давлат оид ба таъмин намудани ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани майдони кишти картошка, босамар истифода бурдани замин, рӯёндани се-чор ҳосил аз замин, таъминот бо тухмии хушсифат ва сафарбар намудани кишоварзон барои дар муҳлати муносиб анҷом додани кишт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инҳо омилҳои калидие ҳастанд, ки ба носозгории иқтисодиёт таъсир мерасонанд, бинобар ин таҳлили масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар айни замон барои мамлакат масъалаи муҳими ҳалталаб ба ҳисоб меравад, чунки вобастагии коҳиши амнияти озуқаворӣ дар афзоиши бекорӣ ва баланд гардидани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи канданиҳои фоиданок дар Осиё дар сафи пеш ҷой гирифтааст. Дар қаламрави вилояти Суғд зиёда аз 214 кони бойтарини захираи табиӣ мавҷуд аст. Бо сабаби пурра фаъолият накардани корхонаҳои муштарак дар ин самт ва баста шудани роҳҳо ба буҷети мамлакат зарари молиявӣ расида истодааст.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои дигари муҳими иқтисодиёти миллӣ мебошад ва маълум гардид, ки маҳз ҳамин соҳа ба эпидемияи коронавирус аз ҳама осебпазир аст. Тавре медонем, дар баробари Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 соли гузашта қариб як миллион сайёҳ ба кишвари мо омада буданд, имсол вазъи соҳаи мазкур ташвишовар гаштааст. Тибқи тадқиқоти соли 2019 анҷомдодашуда рушди сайёҳӣ назар ба соли пешин 20 фоиз бештар гардидааст. Дар ин радиф бояд  талошҳо  ҷиҳати  наҷот додани ширкатҳои сайёҳии мамлакат, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои технологӣ, агентиҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, кормандони мустақили сайёҳӣ  ба хотири    нигоҳ доштани садҳо ҷойҳои корӣ, ки ба бахши сайёҳӣ ҳамчун воситаи зиндагӣ вобастаанд, истифода бурда шаванд.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат айни замон ҳамаи чораҳои фавриро роҳандозӣ намудааст. Ҳамзамон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

6 майи соли ҷорӣ Шӯрои Хазинаи байналмилалии асъор барои ҷудо кардани маблағ дар ҳаҷми 139,2 млн. СДР (189,5 млн. доллари ИМА, 80 фоизи квота) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Маблағи мазкур барои қонеъ намудани талаботи маблағгузории тавозуни пардохт ва буҷет, барои пешгирӣ намудани номуътадилии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон нигоҳ доштани имкониятҳои буҷет баҳри хароҷоти зарурӣ ба соҳаи тандурустӣ ва талаботи иҷтимоӣ сафарбар карда мешавад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам натавонистанд пеши роҳи гирифторшавии шаҳрвандони хешро аз ин сироят бигиранд. Бинобар ин, вазъи баамаломада моро ҳушдор медиҳад, ки ба саломатии худ, аҳли оила диққати аввалиндараҷа дода, тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагиро дар хона, корхона ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ қатъиян риоя намоем. Ҳамзамон аз ҳамаи мардум, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯсти тоҷик даъват менамоем, ки ба тарсу ҳарос ва таҳлука роҳ надода, ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Дар вазъияти имрӯза ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номус ва меҳру шафқати худро нишон диҳанд.

Итминони комил дорем, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, амалҳои неку хирадмандонаи мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин вабои аср пирӯз хоҳем шуд.

 

Источник: khovar.tj