Оғози корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ дар ноҳияи Панҷ

0
59

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи 4-уми стратегии давлату Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.

Тибқи нақша дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 9 корхона ба нақша гирифта шудааст, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли орду равған, коркарди меваю сабзавот, сачоқҳои як карата, обҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодиву макаронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хурокворӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор равона мегарданд.

Баъди пурра ба истифода додани корхонаҳои сохташаванда, зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда воридотивазкунанда буда, дар қонеъ гардонидани талоботи бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат чунин паркҳои технологӣ таъсис меёбанд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба маротиб зиёд мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси парки технологиро дар ин ноҳияи дурдаст саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои бунёдӣ ва дар оянда истеҳсоли маҳсулоти босифат ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Источник: president.tj