Оғози сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол ва гузоштани санги асоси марҳилаи дуюми Корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис

0
44

30 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол идома ёфт.

Дар шаҳри Истиқлол Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар Минтақаи саноатии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин бо гузоштани санги асос ба бунёди марҳалаи дуюми Корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис оғоз бахшиданд.

Корхонаи саноатӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” сохта мешавад.

Муҳлати бунёди корхона то охири соли 2024 пешбинӣ гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳаи корхона иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншооти саноатӣ дар асоси дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузории бештар дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат”, солҳои 2022-2026 ба нақша гирифта шудааст.

Барои сохтмони бинои асосии корхонаи истеҳсоли нуқра ва мис дар ҳудуди Корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол 30 гектар замин ҷудо гардидааст.

Аснои шиносоии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди корхона иттилоъ дода шуд, ки барои пурра сохта ва таҷҳизонидани иншоот 50 миллион доллари амрикоӣ (пешбинӣ шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда сурби металлии 99,99 фоиза, нуқраи 99,99 фоиза ва миси 45 фоиза мебошанд. Иқтидори нави саноатӣ дар шаҳри Истиқлол истеҳсоли сурби электролитӣ ба миқдори  30 ҳазор тонна, нуқраи элетролитӣ дар ҳаҷми 50 тонна ва матти мисӣ дар ҳаҷми 600 тонна ба маблағи 104,1 миллион сомонӣ дар  як сол хоҳад буд.

Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин давоми солҳои 2023-2026 ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар мамлакат тасмим дорад 400 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ карда, теъдоди кормандон дар ҳама бахшҳои мавриди таваҷҷуҳро ба 5 ҳазор нафар расонад. Расонидани ҳаҷми истихроҷ ва коркарди маъдан то 6 миллион тонна, ба кор андохтани марҳилаи дуюми корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис, корхонаи нави ғанигардонӣ бо иқтидори ду миллион тонна аз қисматҳои муҳими сармоягузорӣ давоми чанд соли оянда дониста мешавад.

Бояд гуфт, ки ширкати мазкур соди 2007 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, давоми бештар аз 15 соли фаъолият он зиёда аз 600 миллион доллар ба иқтисодиёти мамлакати мо сармояи мустақим ворид намудааст. Феълан истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ бо иқтидори солонаи 4 миллион тонна дар кони Зарнисор ба роҳ монда шудааст. Ба иловаи ин фаъол гардидани корхонаи нави истеҳсолӣ бо ҳаҷми коркарди 50 ҳазор тонна маҳсулот имкон медиҳад, ки тайи се соли оянда шумораи кормандон аз 4 ҳазори имрӯза ба 8 ҳазор нафар баробар карда шавад. То соли 2022 ин ширкат ба андозаи 5 миллиард сомонӣ андоз пардохт кардааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони ҷумҳуриявӣ ва намояндагони шарикони рушдро бобати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои бунёдкориву муҷаҳҳазсозии корхона вазифадор намуданд. Тазаккур дода шуд, ки дар шаҳри Истиқлол барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ зарфият ва имкониятҳои зиёд мавҷуд мебошад. Дар сурати бунёди корхонаҳои тавлидотӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад ва ҳам масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард, ки ин ҷараён ба мақсадҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат созгор мебошад.

 Истифодаи мақсадноки сарватҳои зеризаминӣ, ҷалби сармояи мустақим барои рушди ин бахши ояндадори иқтисоди миллӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани онҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат зимни муаррифии имкониятҳои корхонаи саноатӣ дар шаҳри Истиқлол мавриди таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

 Бунёди корхонаи металлургӣ дар Минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол қадами ҷиддӣ ба сӯи саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб ёфта, марҳилаи аввали он соли 2017 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна металли сурб ва руҳ дар як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Нақши ин корхонаи бузурги истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноати миллӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини некӯаҳволии рӯзгори сокинон муассир хоҳад буд.

Дар минтақаи мазкур ду корхонаи металлургӣ барои истеҳсоли сурб ва руҳ, коргоҳҳои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои соҳаи саноати маъдан, кислотаи сулфат ва аккумуляторҳо дар марҳилаи сеюм бунёд хоҳад шуд.

 Коргоҳи сурбгудозӣ, анбори ашё, сехи тозакунии газҳои дудӣ, коргоҳи истеҳсоли чанги ангишт, анбор барои нигоҳдории руҳ, пойгоҳи коркарди обҳои гардон, сехи сурбу электролит ва дигар иншооти ёрирасон, имрӯз фаъолияти ин иқтидори саноатии кишварро комил сохтааст. Истеҳсолот дар корхона дар се марҳила сурат гирифта, ашёи хом барои тавлиди сурб ва руҳ аз кони Зарнисор дастрас карда мешавад.

Таъкид карда шуд, ки кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон захирагоҳи беҳамтои канданиҳои фоиданок ба ҳисоб меравад. Аз рӯи тахмини мутахассисон айни замон дар мамлакат бештар аз 400 мавзеи маъданӣ ва ғайримаъдании канданиҳои фоиданок мавҷуд мебошад, ки 214 макони сарватҳои зеризаминӣ дар қаламрави вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Конҳои сурбу руҳ, тиллову нуқра, мису ангишт ва даҳҳо мавзеъҳои дигар ҳамчун боигарии миллӣ ба қайд гирифта шудааст ва коркарди оқилонаи онҳо дар таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат мекунанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар сурати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи саноатӣ шаҳри Истиқлол метавонад ба яке аз минтақаҳои бузурги саноатии мамлакат мубаддал гардида, дар самти татбиқ намудани ҳадафи ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон саҳми арзишманд гузорад.

Источник: president.tj