Оғози сафари корӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

0
36

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуданд.

Инчунин дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо як қатор сарони давлатҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигари масъалаҳои мубрамро баррасӣ намоянд.

Источник: president.tj