Нуриддин Саид: «Кормандони соҳаи телевизион ва радио дар хориҷи мамлакат такмили ихтисос хоҳанд кард»

0
144

Нуриддин Саид: «Кормандони соҳаи телевизион ва радио  дар хориҷи мамлакат такмили ихтисос хоҳанд кард»

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Кормандони шабакаҳои телевизиони давлативу хусусӣ ва радиоҳои мамлакат минбаъд ба курсҳои омӯзишии семоҳа ва шашмоҳаи такмили ихтисос ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд», — иттилоъ дод Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 5 феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод.

Ба иттилои Н.Саид, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили ихтисоси кормандони шабакаҳои телевизиони давлативу хусусӣ ва радиоҳои мамлакат дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Маркази «Дурахшандагон»-и Вазорати мазкур ҷиҳати таъмини молиявии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати мамлакат мактуб ирсол намудааст.

«Мо аллакай ба сохторҳои марбутаи омоданамоии мутахассисон соҳаи телевизион ва радиои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар кишварҳои аврупоӣ барои фиристодани донишҷӯёни соҳаи журналистикаи мамлакат, бахусус он ихтисосҳое, ки имрӯз дар соҳаи телевизион ва радио ба онҳо эҳтиёҷоти бештар дида мешавад, ба монанди наворбардорон, таҳиягари телевизион ё радио, ороишгар ва дигар ихтисосҳо мактуб  фиристодем», — илова намуд Раиси Кумитаи телевизион ва радиои мамлакат.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки барои  беҳтар намудани  сатҳи касбияти рӯзноманигорони ВАО-и мамлакат дар назди Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и  Тоҷикистон» барномаҳои фарогири такмили ихтисоси рӯзноманигорон бо ҷалби мутахассисони соҳа аз хориҷи мамлакат  ба роҳ монда мешаванд. «Дар чунин барномаҳо он паҳлӯҳои назариявии соҳа, ки рӯзноманигор аллакай дар донишгоҳ хондааст, баррасӣ нахоҳад шуд, балки таваҷчуҳ бештар ба он самтҳое равона мегардад, ки имрӯз дар фаолияти рӯзноманигорӣ ниёз ба онҳо бештар аст», — таъкид дошт Н. Саид.

Источник: khovar.tj