Нозирони ИДМ: интихоботи Тоҷикистон шаффоф гузашт ва ҳеҷ қонуншиканӣ мушоҳида нашуд

0
43

Нозирони ИДМ: интихоботи Тоҷикистон шаффоф гузашт ва ҳеҷ қонуншиканӣ мушоҳида нашуд

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 2  мар — Sputnik. Имрӯз Сергей Лебедев, Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ зимни як нишасти матбуотӣ дар пойтахти кишвар гуфт, мутаассифона мо натавонистем аз 41 ҳавзаи интихоботие, ки дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад боздид намоем, аммо нозирони ИДМ аз 31 ҳавзааш боздид намуданд ва онҷо ҳеҷ як қонуншиканиеро мушоҳида накарданд.

Вай афзуд,  ташкили маъракаи интихоботӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ дуруст ба роҳ монда шуда, нозирони ИДМ ҳеҷ як ихтилоферо дар ин ҳавзаҳои интихоботӣ мушоҳида накарданд.

“Шояд дар баъзе аз ҳавзаҳои интихоботӣ ихтилофҳо буданд. Мутаасифона мо натавонистем ҳамаи ҳавзаҳоро назорат кунем, аммо ҳавзаҳоеро, ки нозирони мо назорат карданд, ҳеҷ як қонуншиканиро ба қайд нагирифтанд. Масъулин маъракаи раъйдиҳиро дуруст ба роҳ мондаанд”, – таъкид дошт Лебедев.

 Ҳамчунин вай афзуд, иштироки фаъоли интихобкунандагон  аз  ҳавасмандии сиёсии шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот шаҳодат медиҳад.

“Одатан, мардум соати 10-11 ба участкаҳои интихоботӣ меоянд. Нозирони мо ҳангоми ифтитоҳи участкаҳои интихоботӣ ҳузур доштанд ва аллакай соати 6 субҳ  мардуми зиёд  барои овоздиҳӣ дар навбат буданд. Ин аз фаъол будани шаҳрвандон  дарак медиҳад”, — гуфт роҳбари Миссияи нозирони ИДМ Сергей Лебедев.

Нозирони ИДМ бори дигар таъкид доштанд, ки интихобот мутобиқи қавонини Тоҷикистон ба таври шаффоф ва озод сурат гирифт. Инчунин аз 3412 участкаҳои интихоботӣ дар дар қаламрави кишвар нозирони ИДМ аз 1118 участкаҳои интихоботӣ боздид намуданд.

Источник: sputnik-tj.com