Новосибирск: Оилаи Бобоҷоновҳо ба ҳамватанони бекормонда кумак карданд

0
114

Новосибирск: Оилаи Бобоҷоновҳо ба ҳамватанони бекормонда кумак карданд

ДУШАНБЕ, 05.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкор Раҳимҷон Бобоҷонов ва бародаронаш Шарафҷон ва Зафарҷон Бобоҷоновҳо, ки айни замон  дар Федератсияи Россия кору иқомат доранд,  аз ҳисоби даромадҳои софашон  барои зиёда аз 600 нафар ҳамватаноне, ки айни ҳол бо сабаби бекорӣ дар Россия  банд мондаанд,  донишҷӯёни тоҷик, ҳамчунин маъюбону солхӯрдагон  новобаста аз миллату халқияташон дар ҳаҷми 3 миллион рубли русӣ  кумаки хайриявӣ расониданд.

Инчунин дар кишвари Красноярск дар ҳаҷми як миллион рубли русӣ барои эҳтиёҷмандон, донишҷуйёну муҳоҷирони меҳнатӣ кумаки ин ҷавонмарди ободкору дастбахайри тоҷик  расонида шуд. Чунин кумакҳо ба ҳамватанон ва донишҷуйёни тоҷики вилояти Томск ҳам аз ҷониби ин бародарон эҳдо гардид.

Оилаи саховатманду некукору ҷавонмардони тоҷик Бобоҷоновҳоро кулли ҳамватанон дар Тоҷикистон ва  дар Федератсияи Россия  ҳамчун  инсонҳои дастбахайру ободкору боҳиммат мешиносанду эҳтироми хоса доранд. Дар асоси амру дастурҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибонаи оилаи маъруфи Бобоҷоновҳо чӣ дар ватану чӣ дар Федератсияи Россия  аз ҳуввияти баланди ободкориву ватандӯстиашон, аз дастгириҳои сиёсати имрӯзаи Ҳукумату давлати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Амали неку ҷавонмардонаи Раҳимҷон Бобоҷонов ва бародаронаш  Шарафҷон ва Зафарҷон Бобоҷоновҳо  дар моҳи мубораки Рамазон, дар вақти мушкилии ҳамватанон дар Федератсияи Россия  бори дигар  аз дорои хислатҳои азалии  ҳиматбаландию саховатманд  будани тоҷикон шаҳодат медиҳад.

 Садбарги БОҚӢ,
Хабарнигори  махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия

Источник: khovar.tj