Новобаста ба пандемия истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

0
45

Новобаста ба пандемия истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон  дар семоҳаи якуми соли равон ба маблағи 566,9 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки ин омор дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ  дар ин давра 8,4 фоизро ташкил дод. Соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 977 ҳазор тонна семент, зиёда аз 10 миллион  дона хишт, 10,3 ҳазор  метри мукааб газоблок, 312,8 ҳазор метри мукааб масолеҳи ғайримаъданӣ, 86,9 ҳазор дона гаҷкартон ва зиёда аз 217 ҳазор дона шифер истеҳсол гардидааст. Ҳамзамон дар ин давра аз Тоҷикистон  ба хориҷа ба маблағи беш аз 13  миллион доллар  семент содирот гардида, аз хориҷа ба Тоҷикистон ба мбалғи 3,4 миллион доллар кошӣ, 2,1 милион доллар шиша ва қариб  1 миллион доллар гаҷкартон ворид карда шудааст. Дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ  13,8 миллион доллар ва воридот 10,2 миллион долларро ташкил медиҳад, ки содирот 3,6 миллион   доллар зиёд мебошад.

Дастовардҳои корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии мамлакат дар партави  татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -саноатикунонии босуръати мамлакат ба даст омадаанд.

Акс аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj