«Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм»

0
269

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм» бо қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот шоми 7-уми сентябри соли 2016 дар саҳни бинои марказии Иттифоқи Тоҷикматлубот ҷамъбаст гардид. 

Дар чорабинии мазкур беҳтарин пазандаҳои манотиқи гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Дар озмун зиёда аз 100 навъи нону кулчаҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шуд. 

Пазандаҳои чирадаст, ки қаблан дар озмунҳои ноҳиявиву шаҳрӣ ва вилоятӣ ғолиб омада буданд, дар чорабинии мазкур ширкат варзида, дар 25 танӯри омоданамуда ҳунари нонпазии худро ба намоиш гузоштанд.

Ба чорабинии мазкур кормандони масъули як идда корхонаву вазоратҳо даъват гардида буданд. Дар рафти азназаргузаронии фестивал-озмуни «Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм» ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ибрози андеша намуда, маслиҳату машваратҳои муфид дод.