Номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо интихобкунандагон мулоқот намуд

0
89

Номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода бо интихобкунандагон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал бо иштироки интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Тиллокон, №37 дар участкаи интихоботии №51, воқеъ дар МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд бо номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи мазкур, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баргузор гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, дар оғози мулоқот шахси боэътимоди номзад, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мукаррама Бузрукова доир ба муҳтавои суҳбат ва барномаи номзад ба вакилӣ, ки бо назардошти рушди паёпайи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру вилоят дар асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳрезӣ гардида, иборат аз 17 нуктаи асосӣ мебошад, маълумоти муфассал дод.

Номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода бо интихобкунандагон мулоқот намудНомзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баён дошт, ки ҳадафи асосии барномаи ӯ чун намояндаи мардумӣ дар маҷлиси шаҳрӣ, пеш аз ҳама, аз ҳалли масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ, аз қабили идомаи корҳои ободониву созандагӣ, таъмини  сокинон бо ҷойҳои нави корӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёна ва соҳибкорӣ, ҳамчунин таъмири роҳҳои асосӣ ва кӯчаи шаҳр, таъмини кӯдакон бо боғчаи бачагона ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон иборат аст.

Мулоқот бо суолу дархост ва пешниҳодҳои судманд аз ҷониби сокинони участкаи мазкур баҳри ободонии маҳал анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 11 феврал дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла, маркази маъмурии он-шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрию вилоятӣ бо интихобкунандагон ҷараён доранд.

Источник: khovar.tj