Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

0
76

Дар робита ба амал омадани офати табиӣ ва фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Хабари ба ҳалокат расидани сокинони осоишта бар асари фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси андуҳи амиқи ман ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.

Аз номи худ ва тамоми мардуми Қирғизистон ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бар асари сар задани офати табии рӯзи 15 феврали соли 2023 зарар дида пайвандонашонро аз даст додаанд, мерасонам.

Хоҳишмандам ҳамдардии ман ва мардуми қирғизро ба пайвандони осебдидагон расонед».

Источник: president.tj