НОМ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Муроҷиатномаи Раёсати САҲШ ба шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба номгузории тоҷикӣ

0
188

НОМ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ.   Муроҷиатномаи Раёсати САҲШ  ба шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба номгузории тоҷикӣ

ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Номи хуб ними ҳусн аст, гуфтаанд. Номгузорӣ аз ҷумлаи суннатҳои қадимии ҳар қавму миллат аст. Ин суннат миёни мардуми деринарӯзгори мо аз қаъри таърих ибтидо мегирад. Дар рӯзгори қадим то оғози аҳди ислом мардуми мо ғолибан номҳои асили тоҷикӣ доштанд, вале баъдан баробари густариши дини ислом истифодаи номҳои арабиасл бештар гардид.

Роҷеъ ба ин мавзуъ муроҷиати сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ СИРОҶЗОДАро ба шаҳрвандони Ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем.

Дар замони Шӯравӣ тадриҷан ҷомеаи тоҷик зери таъсиру нуфузи забону фарҳанги русӣ қарор гирифт ва дар ин миён корбасти номгузории сеҷузъа (номи хонавода, ном ва номи падар) бо пасвандҳои русии -ов (-ев) ва -ович (-евич) (барои мардон) ва -ова (-ева) ва -овна (-евна) (барои занон) расмият пайдо кард, ки ҳанӯз ҳам идома дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар мулоқоту суханрониҳои худ масъалаи муҳими ному номгузориро борҳо ба миён гузошта, зарурати эҳё ва риояи суннати номгузории миллиро таъкид менамоянд. Пешвои миллат ҳанӯз зимни мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2007 номгузориро «як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати милливу фарҳанги миллат» ва номро «ҳусни сират» маънидод карда, дар хусуси эҳёи асолат ва суннати номгузории миллӣ чунин изҳори назар карда буданд: «Номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки тӯли асрҳо сайқал ёфта, бо сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртиботи узвӣ пайдо кардаанд. Сараввал бояд таъкид намуд, ки шинохт ва эҳёи асолати миллӣ вазифаи муқаддаси имрӯзаи мову шумост. Асолат омили пойдории ниҳоди давлат ва миллат аст ва шинохту татбиқу тақвияти огоҳонаи он бақо ва ҳастии миллати соҳибистиқлолро ифода мекунад. Агар нектар назар кунем, ном воқеан ҳусни сират аст.

Дар ниҳоди номҳои миллӣ орзую омол, эътиқоду эҳтиром, наҷобату шараф, арзишҳои иҷтимоӣ, завқ ва салиқаи зебоишиносии миллӣ инъикос ёфтаанд. Бинобар ин, вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд».

Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли равон дар бораи эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ибрози андеша намуда, таъкид намуданд, ки дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасад, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд:

«Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд. Дар урфият «номи зебо-ними ҳусн» гуфтаанд.

Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили неруманди ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад. Хотирнишон месозам, ки бегонапарастӣ дар самти номгузорӣ наслҳои ояндаро аз асолати таърихӣ дур мекунад, худшиносӣ ва ҳувияти миллии онҳоро коҳиш медиҳад, ки ба ин раванд ҳаргиз роҳ додан мумкин нест».

Воқеан, имрӯз бо шарофати истиқлолияти миллӣ фурсат фаро расидааст, ки ҳангоми навиштани ному насаб имкониятҳои забони модарӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи номгузории миллӣ мавриди истифода қарор гирад. Аз рӯи ҳисоботи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар 9 моҳи соли 2019 7065 нафар ному насабашонро иваз кардаанд, ки аз ин шумора 4702 нафар бо тарзи миллӣ номгузорӣ шудаанд.

Агар ба таърихи гузаштаи халқи худ назар андозем, мебинем, ки ба фарзандон гузоштани номҳои зебову хушоянд дар байни мардуми мо анъанаи қадимӣ буда, гузаштагонамон аз давраҳои пеш номҳои зебову дилнишин доштаанд. Хушбахтона, баъзе аз ин номҳо насл ба насл, бархе ба воситаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва дигар асарҳои назму насри классикии тоҷик то замони мо расидаанд.

Бояд гуфт, ки эҳёи номҳои қадимӣ дар даврони истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ ҳамчунин барои бедор кардани ҳофизаи таърихӣ ва рушди худшиносию худогоҳии мардум мусоидат хоҳанд кард.

Масъалаи дигар, ки ҳангоми иваз кардани ному насаби шаҳрвандон ба номҳои миллӣ бояд аз мадди назар дур намонад, ислоҳи номҳои ғалат ва риояи ҳатмии имлои забони тоҷикӣ дар навишти номҳост. Зеро дар байни мардум шаклҳои нодуруст ва кӯтоҳшудаи номҳо, ки ба меъёрҳои забони адабӣ мувофиқ нестанд ва аксаран дар шеваи савтиёти омиёна ва таъсири забонҳои бегона дар даврони Шӯравӣ сабт шудаанд, мавриди истифода қарор доранд.

Инчунин номҳои зиёде мавҷуданд, ки дар навишти онҳо ҳарфи «п» бар ивази ҳарфи «ф», «дж» ё «ж» бар ивази «ҷ» сабт шудаанд: Масалан, Шарипов (аз Шариф), Латипов (аз Латиф), Зарипов (аз Зариф), Орипов (аз Ориф), Юсупов (аз Юсуф), Ахмедов (аз Аҳмад), Нигматов (аз Неъмат), Маджидова (аз Маҷид), Тожидинов (аз Тоҷиддин), Кадырова (аз Қодир) ва ғайра.

НОМ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ.   Муроҷиатномаи Раёсати САҲШ  ба шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба номгузории тоҷикӣБо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, номгузории шаҳрвандонро дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб ёфта, аз гузаштаи дури таърихи забонамон маншаъ мегирад, танзим менамояд.

Ҳадаф аз таҳияву интишори “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таърихиву фарҳангии миллӣ тавассути забони миллӣ ва номгузории суннатии тоҷикӣ гуфта мешавад.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» номҳои тазаэҷоде, ки ба суннати номгузорӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ мувофиқанд, вале дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ворид нагардидаанд, дар асоси хулосаи Комиссияи назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Мо, кормандони САҲШ имрӯз ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ, ҳамватанонамон, ки ору номус ва ғуруру ҳувияти баланди миллӣ доранд, ба оину фарҳанги ниёгонамон арҷ мегузоранд, эҳтиромона муроҷиат менамоем, ки инак фурсате фаро расидааст, ки ҳамагон сари ин масъалаи дар назари аввал сода, вале дар асл ниҳоят ҷиддӣ-  ному номгузорӣ андеша намоянд. Биёед, аз гузоштани номҳои бадоҳанг ва душворбаён ба наздикону пайвандон даст кашем. Ба фарзандонамон бояд номҳоеро лоиқ бинем, ки завқи баланд ва ҷавҳаршиносии халқамонро инъикос менамоянд, рӯҳи мардумро қавӣ месозанд, ба ояндаи неки тифл сабаб мешаванд. Биёед, имрӯз тарзи номгузории тоҷикиро ба фарзандону пайвандон ва дигар ҳамватанонамон тарғиб намоем.  Онҳо, бешубҳа ба ин сазоворанд- доштани номҳои неку зебову шукӯҳманд.  Охир,  номи нек роҳкушои толеъ ва номаи бахт аст, — гуфтааст халқ.

Ба ҳар сурат, мо бояд аз хотир набарорем, ки ҳар миллатро аввалтар аз ҳама аз рӯи номаш мешиносанд.  Ном шиносномаи миллати мост. Аз ин рӯ, мо бояд эҳтиром ба онро дар насли ҷавон тарбия карда тавонем.

Источник: khovar.tj