Ноболиғ сокини 25 – солаи Фархорро дар Душанбе корд зад

0
108

Ноболиғ сокини 25 - солаи Фархорро дар Душанбе корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз авбошии чанд ҷавон ва ноболиғони пойтахт хабар медиҳад, ки як сокини ноҳияи Фархор ва ҳамраҳи ӯро латукӯб намудаанд

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Муноқишаи ду ҷавони 20, 23 – сола ва ду ноболиғи 16 ва 17 – сола бо сокинони Фархор, рӯзи 2 – юми марти соли равон дар кӯчаи Синои пойтахт рух додаст.

Дар ин бора котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар асоси аризаи шикоятии ҷабридида хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сокини Фархор ба кормандони милитсия муроҷиат намудаст, ки рӯзи 2 – юми март ӯ ва як ҳамраҳашро ду ҷавон ва ду ноболиғ, ки сокинони пойтахт мебошанд, латукӯб намуданд.

“Зимнан, ноболиғи 17 – сола, ки дар дасташ корд дошт, ҷавони 25 – сола, сокини ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархорро аз қисмати шикас захмӣ намудааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳар ду ҷабридида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com