Ноболиғ дар рӯзи равшан сокини 16 – солаи Ваҳдатро корд зад

0
129

Ноболиғ дар рӯзи равшан сокини 16 - солаи Ваҳдатро корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ноболиғи 17 – сола хабар медиҳад, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 17 – солаи шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки ҳамчун гумонбар дар қасдан расондани зарари вазнин ба саломати муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, номбурда санаи 24-уми апрели соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бо корд ба бадани ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри мазкур, 1-маротиба задааст.

Манбаъ меафзояд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com