Ноҳияи Балҷувон дар 9 моҳ иҷрои нақшаи андозро 202 фоиз таъмин кард

0
189

Ноҳияи Балҷувон дар 9 моҳ иҷрои нақшаи андозро 202 фоиз таъмин кард

ДУШАНБЕ, 02.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон иҷрои нақшаи андоз дар ноҳияи Балҷувон 202 фоизро ташкил дода, ба буҷет 10 миллиону 945 ҳазору 873 сомонӣ маблағи андоз ворид гардидааст. Дар ин бора аз Нозироти андози ноҳия ба мухбири «АМИТ Ховар» иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки ба ҷойи 5 миллиону 400 ҳазору 875 сомонӣ нақшаи пешбинигардида ба буҷети давлатӣ 10 миллиону 945 ҳазору 873 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 4 миллиону 233 ҳазору 878 сомонӣ зиёд мебошад.

Мақомоти андоз дар ноҳияи Балҷувон ҷиҳати таъмин кардани иҷрои нақшаи андоз аз ҳама гуна имкониятҳо истифода карда, онро барзиёд таъмин карданд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки қарзи андоз яке аз мушкилоти доғи рӯз ба шумор рафта, нигаронкунанда боқӣ мондааст. Феълан бақияпулиҳои қарзи андоз дар ин ноҳия зиёда аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз аз тарафи нозирони андози ноҳия миёни андозсупорандагон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратҳо ба роҳ монда мешаванд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар нуҳ моҳ 135 ҳазор сомонӣ бақияпулиҳои қарзи андоз кам гардид.

Источник: khovar.tj