Нишасти матбуотӣ дар Иттифоқи Тоҷикматлубот

0
1496

4 феврали соли 2020 дар Иттифоқи Тоҷикматлубот Нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ 34 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма аз рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот пешравии фаъолияти ташкилоту муассисаҳои худро таъмин намуда, соли 2019-умро бо нишондодҳои зерин ҷамъбаст намуд:
Даромади умумии аз натиҷаи фаъолият бадастомада  ба 102,7 млн. сомонӣ  расонида шуд, ки нисбати соли 2018 дар ҳаҷми 4,4 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми ҳиссаҷудокуниҳои андоз аз ҳама намуди манбаҳо ба буҷети мамлакат 31,0 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2018  1,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши моли савдо ва хӯроки умумӣ ба 3 млн. 869 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Дар соли ҳисоботӣ ба аҳолӣ зиёда аз 6,5 млн. сомонӣ  хизмати пулакӣ расонида шуд. Ҳаҷми маблағи ҷамъоварии пардохти доимии яквақта дар бозорҳо бошад 10,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбати соли 2018   173 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳаҷми фурӯши маҳсулот 1 млн. 722 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2018 дар маҷмӯъ 204,0 ҳазор сомонӣ зиёд гардид.
Масоҳати заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон дар соҳа 2939 гектарро ташкил медиҳад. Дар анбору сардхонаҳо барои тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар ҳаҷми умумии 2375 тонна сабзавот, меваи тар ва 200 ҳазор қуттии консерваи сабзавот, инчунин 960 тонна ангишт захира карда шуд.
Ба муносибати Соли нави мелодӣ, Наврӯзи байналмиллалӣ, моҳи шарифи Рамазон, иди Қурбон, рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳо дар пойтахти мамлакат ва маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд, ки ин ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ба танзими нарх дар бозорҳо мусоидат намуд.
Дар сохтмону азнавсозии иншоотҳо 18,4 млн. сомонӣ  сарф карда шуд. Дар бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Тоҷикобод, Ваҳдат, Турсунзода, Кӯлоб, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ,  бозори ноҳияи Панҷ, ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Рашт, Деваштиҷ, Восеъ, ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрҳои Конибодом, Исфара, инчунин тарабхонаи ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мастчоҳ ва Идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг бо мақсади боз ҳам фароҳам овардани шароити корӣ барои соҳибкорон корҳои сохтмонию таъмирӣ гузаронида шуд.
Барои хариди воситаҳои асосӣ ва корҳои сохтмонию таъмирӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 3 млн. 879 ҳазор сомонӣ ва дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд 3 млн. 976 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шуд.
Инчунин, барои хариду таъмири воситаҳои асосии  дастгоҳҳои Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот 1 млн. 217 ҳазор сомонӣ, Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд 64 ҳазор ва сохтмони “Маркази савдо ва хизматрасонӣ” дар ноҳияи Восеъ 858 ҳазор сомонӣ сарф карда шуд.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома дода шуда, дар таъмир, азнавсозӣ ва сохтмони бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Рудакӣ 162 ҳазор сомонӣ, Ваҳдат 419 ҳазор сомонӣ, Кӯлоб 580 ҳазор сомонӣ, Спитамен 487 ҳазор сомонӣ, шаҳри Истаравшан 110 ҳазор сомонӣ ва бозори ноҳияи Балҷувон 4 млн. 010 ҳазор сомонӣ сарф карда шуд. Дар кӯчаи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе “Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон” сохта шуда, дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июн ба истифода дода шуд. Ҳаҷми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 875 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии “Хӯришҳои миллӣ ва муосир”,  нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам”, “Шириниҳои миллӣ ва муосир”, фестивалҳои ҷумҳуриявии “Таомҳои миллӣ”  ва “Оши палав” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо иштироки намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ғолибон бо “Диплом” ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ ва ҳаммаи дигар иштирокчиён бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Иттифоқи Тоҷикматлубот сарфароз гардонида шуданд.
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дар самти бунёдкорӣ барои соли 2020 дар назди соҳа дарпешистода аз инҳо иборатанд:
–  Таъсиси бозори замонавӣ дар маркази ноҳияи Носири Хисрав;
–  Азнавсозии бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Муъминобод ва Идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг;
–  Сохтмони бозори нав дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мастчоҳ;
–  Сохтмони бинои хизматрасонӣ дар бозори ноҳияи Спитамен;
–  Идомаи таъмири Тарабхонаи “Бӯстон” ва оғози таъмири Чойхона дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мастчоҳ;
–  Идомаи сохтмони Бозор дар ноҳияи Шамсуддини Шоҳин;
–  Идомаи сохтмони “Маркази савдо ва хизматрасонӣ” дар ноҳияи Восеъ;
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, дар соли 2019 ба Интернати давлатии № 1-и ноҳияи Восеъ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз, фарорасии Иди Саиди фитр, иди Қурбон ва Соли Нави 2020 ба маблағи 11000 сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд. Дар маҷмӯъ ҳаҷми кӯмакҳои хайрия ба оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат, шахсони бепарастор ва дигар муассисаҳо маблағи 66786 сомониро ташкил намуд.
Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот фаолияти худро баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд” ва дастуру супоришҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, ҷиҳати рушду тараққиёти соҳаи  кооператсияи матлубот, таъмини аҳолӣ бо  маводи озуқаворӣ  ва маҳсулоти  ниёзи мардум тадбирҳои самарабахшро амалӣ  менамояд.
Шуъбаи ташкилӣ ва технологияҳои иттилооти коммуникатсионӣ